Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи иқтисодиёти КАС

Ismoilov I

 

 

ИСМОИЛЛОВ Исматулло Махсатуллоевич,
мудири кафедраи иқтисодиёти КАС, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедра соли 1966 ташкил шудааст. Кафедраро солҳои гуногун  дотсентон Аҳтамов Х.А (1966-1975), Анваров М.К. (1976-1979),  Кодиров Ч.К., (1979-1980),  Ковалев В.К., (1980-1981), Раҳмонов А.Р. (1982-1998), Шарофов У.Ш. (1998-2015), Мирзоев Б. (2015-2020) сарвари кардаанд. Аз феврали соли 2020 то имрӯз кафедраро Исмоилов И.М. роҳбарӣ мекунад.

Ҳайати кафедра дар соли ташкил гардиданаш аз 5 нафар иборат буд. Ҳоло дар кафедра 15 нафар устодони соҳибтаҷриба, аз ҷумла: 2 профессор, 3 дотсент, 5 муаллими калон, 5  ассистент, 1 лаборанти калон фаъолият доранд.

Ҳоло дар кафедра устодони ботаҷриба профессорон Шарофов У. (аз с. 1972) , Пиризода Ҷ.С. (с 2015г)., дотсентон Кароматуллоева Р.С. (аз с. 1972) Мирзоев Б. (аз с. 2006), Бобозода Ш.Қ. (аз с. 2003)  инчунин ҷавонони пуртаҷриба  Раҳимов С.Д. (аз с. 2006), Толибов Р.Ш. (аз с. 2008), Исмоилов И.М. (аз 2010), Пирназаров Ш.М., (аз 2010), Азамова З. И. (аз 2007), Расулова З.О (аз соли 2019), Акрамова М.Ю. (аз соли 2019), Сафарова Х.Г. (аз соли 2019), Исмоилов В.А. (аз соли 2019), Муҳаммадиқболи Х. (аз соли 2020), Шералиев Л.Н. (аз соли 2021), лаборант Мунавара А. (аз соли 2020) фаъолият мекунанд.

Кафедра дар тайёр кардани номзадҳои илм саҳми калон дорад. Унвонҷӯёни зерини кафедра номзади илм гаштанд,: Қудратов Р.К. (ҳоло доктори илми иқтисодӣ), Кароматуллоева Р.С., Абдалимов А.А., Раҳмонов  У .А .,  Шарофов  П .У .,  Бобозода Ш.Қ.

Устодони кафедра дар баланд бардоштани  сифати  таълим  диққати ҷиддӣ дода, як қатор китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси КАС саҳми арзанда доранд, аз ҷумла курсҳои  лексия  аз  фанҳои иқтисодиёти кишоварзӣ, бозорҳои кишоварзӣ (муаллиф Шарофов У.Ш), географияи иқтисодии Тоҷикистон (Шарофов У., Азамова З.И.) зиёда аз 60 дастури методӣ, 20 китоби илмӣ, 8 монография заҳмати меҳнати дасти устодони кафедра аст.  

Омӯзгорони кафедра аз фанҳои таълимии иқтисодиёти кишоварзӣ, иқтисодиёти ҷаҳон, географияи иқтисодии Тоҷикистон, МИБ, бозорҳои кишоварзӣ, танзими давлатии иқтисод, тиҷорати байналмилалӣ, иқтисодиёти рушди  деҳот ва иқтисодиёти савдо  ба донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ дарс медиҳанд. Устодони кафедра дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дарсҳои назариявию амалӣ мегузаранд.

Барои донишҷӯён ба ғайр аз омӯхтани фанҳои замонавии ба ихтисосашон тааллуқ дошта, дарси тарбиявию ҳаётӣ гирифтан ниҳоят зарур аст. Аз ин рӯ қисми таркибии корҳои тарбиявию маданӣ фаъолияти устодони кафедра мебошад, ки донишҷуёнро ба маърифатнокӣ, боинтизомӣ, меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ ва ватанпарварӣ ҳидоят менамоянд. Корҳои тарбиявии кафедра дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастуру супоришҳои директивӣ ва доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТӢ

Ismoilov kaf

Кафедра оид ба  проблемаҳои  актуалии аграрию иқтисодӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебарад. Мавзӯи умумии кори илмии кафедра «Саноатикунонии кишоварзӣ – омили рушди деҳот» мебошад. Тадқиқоти ин мавзӯъ таҳти роҳбарии н.и.и. Мирзоев Б. баррасӣ мегардад. Дар ҳалли масъалаи номбурда устодон бо проблемаҳои рушди кишоварзии бисёртипа, дигаргунсозии институтсионалии кишоварзӣ, самаранокии истеҳсоли хӯроки чорво, бозори меҳнат, сарфакорона истифодабарии захираҳои истеҳсолӣ, рушди муносибатҳои лизингӣ ва ғайра диққати махсус медиҳанд. Натиҷаи корҳои илмӣ дар монография, китобҳо ва мақолаҳои илмии устодон баррасӣ ёфта, ду рисолаи докторӣ ва ду рисолаи номзадӣ тайёр шудааст. Инчунин натиҷаи корҳои илмии устодони кафедра дар сатҳҳои гуногун (хоҷагӣ, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ) барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоии соҳаи кишоварзӣ истифода шудаанд.

Профессор Шарофов У.Ш. зиёда аз 200 асари илмӣ ва илмӣ методӣ навиштааст, ки 4-тои он монография, 4-китоби дарсӣ ва 40-тои он маҷмӯа мебошад.

Дотсент Мирзоев Б. зиёда аз 160 корҳои илмӣ, методӣ навиштааст, ки аз он сетоаш монография ва дутояш китоби дарсӣ мебошад.

Дотсент Кароматуллоева Р.С. 50 мақолаи илмӣ навиштааст. 

Дотсент Бобозода Ш. Қ. муаллифи 70 мақолаи илмӣ, методӣ мебошад.

Номзади илмҳои иқтисодӣ Исмоилов И.М. муаллифи зиёда аз 30 корҳои илмӣ мебошад.

Номзади илмҳои иқтисодӣ Раҳимов С.Д.. муаллифи зиёда аз 25 корҳои илмӣ мебошад.

Омӯзгорони калон Пирназаров Ш.М. ва Толибов Р.Ш. аспирантураро  хатм намуданд ва дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ мебошанд.

Саҳми устодони кафедра дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ, омӯзгорӣ хеле калон мебошад. Устодони ботаҷрибаи кафедра роҳбарии корҳои дипломӣ, номзадии унвонҷӯён ва аспирантҳоро ба уҳда дошта, дар баҳодиҳии рисолаҳои номзадии аспирантхо ва докторӣ, докторантҳо мунаққидӣ (оппонент) мекунанд.

КОРҲОИ МЕТОДӢ

Дар кафедра корҳои  методӣ  ба беҳтар намудани  сифат ва мукаммалсозии  раванди  таълим  равона карда шудааст.Бо кӯшиши  кормандони кафедра 40-дастурамал дар  ҳаҷми  60 ҷузъи чопӣ нашр  карда  шудааст,ки барои  аз  худ намудани  барномаи  кории фанҳо ба  донишҷӯён  кӯмаки  зиёд  мерасонанд. Устодони  кафедра бо  баромадҳо, гузоришҳои  илмӣ дар  конференсияҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ  иштирок  мекунанд, роҳбарии  қорҳои  илмӣ-татқиқотии  донишҷӯёнро  ба  ӯҳда доранд.

Дар навиштани китобҳои дарсӣ, воситаҳои аёнӣ ва дастурҳои методӣ саҳми устодони ботаҷриба, Шарофов У., Мирзоев Б., Бобозода Ш.Қ., Кароматуллоева Р. Азамова З.И., Исмоилов И.М., Раҳимов С.Д., Пирназаров Ш.М., Толибов Р.Ш., Аброров А.П., Расулова З.О., Акрамова М.Ю. хеле калон мебошад.

Китобҳои дарсии навиштаи устодони кафедра дар баланд бардоштани сатҳи дониши иқтисодии донишҷуёни ҳамаи факултетҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дастури хуби таълимӣ мебошад. 

КОРҲОИ ТАРБИЯВИЮ СИЁСӢ

Қисми таркибии фаъолияти муаллимони  кафедра корҳои тарбиявию сиёсӣ бо донишҷӯён буда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, хештаншиносӣ, пос доштани рукнҳои миллӣ, поксириштӣ ва интернатсионалистӣ ҳамчун мутахассисони баландихтисос тарбия ва ташаккул медиҳад. Дар кафедра ба кори кураторӣ оид ба тарбияи донишҷӯён аҳамияти  махсус  дода мешавад. Куратории гурӯҳҳои академиро омӯзгорони калон Раҳимов С.Д.,  Пирназаров Ш.М., Исмоилов И.М. ва ассистентҳо Толибов Р.Ш., Расулова З.О., Муҳаммадиқболи Х. ва Шералиев Л.Н. ба ӯҳда доранд. Исмоилов И.М. саркуратори курс мебошад. Ҳамаи муаллимони кафедра дар  корҳои чаъмиятӣ иштирок намуда, дар иҷроиши барномаҳои сиёсати аграрии  ҳукумат пурмаҳсул меҳнат  мекунанд.

Кафедра корҳои идеологӣ, сиёсӣ ва тарбиявиро бо донишҷӯён дар рафти таълим, дарсҳои кураторӣ ва дигар чорабиниҳое, ки раёсати донишгоҳ, деканат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил мекунанд, гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳии зиёд дар дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷум{урии Тоxикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон оид ба Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, муташаккилона ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашнвораҳои миллӣ ва умумибашарӣ пешаи ҳаррӯзаи устодон мебошад.