Кафедраи истифодабарии системаҳои гидромелиороативӣ
БОБИЕВ Давлатали Файзалиевич,
мудири кафедраи истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ, номзади илмҳои география
Кафедраи истифодабарии системаҳои гидромелиороативӣ ҳангоми ҷудо намудани кафедраи мелиоратсия ва геодезия соли 1980 таъсис ёфтааст. Ҳайати аввалини кормандони кафедра аз 8 нафар: Холиқов А.Х. – номзади илмҳои техникӣ (мудири кафедра), Абдусамадов М.А. – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, собиқ декани факултет, Ашуров С.А. – номзади илмҳои географӣ омӯзгори калон, Михайлина Е.И. – омӯзгори калон, Муҳаммадов Т.Х. – ёваромӯзгор, Ғуломҷонова Ф.Р. – ёваромӯзгор, Кириленко Е.К. ва Раҷабова О.С. лаборантон иборат буд.
Аз рӯзҳои аввали коргузорӣ то соли 2004 вазифаи мудири кафедраро дотсент Холиқов А.Х. ба ӯҳда дошт. Аз соли 2004 -2007 дотсент, номзади илмҳои кишоварзӣ Акрамов А.А. аз соли 2007 то соли 2012 омӯзгори калон Сафарова Р.Ҳ. аз соли 2012-2018 доктори илмҳои кишоварзӣ Раҳматиллоев Раҳмонқул ва аз соли 2018 то ҳол н.и.г., дотсентБобиев Давлаталӣ Файзалиевич ба ӯҳда дорад.
Дар айни замон ҳайати кафедра аз 9-нафар иборат аст – мудири кафедра н.и.г., Бобиев Д.Ф., д.и.к, профессор Раҳматиллоев Р., н.и.т., дотсент Сатторов Ш.Ҷ., омӯзгори калон Сафарова Р.Ҳ., омӯзгори калон Гулов А.Б., ассистент Соҳибназаров М.Р., ассистент Салихбоева Г.Р., ассистент Сангинова Г.Ҳ., лабарант Ҳаитова М.Х.
Кормандони кафедра аз рӯи чор ихтисос – 1-74 05 01 - «Мелиоратсия ва хоҷагии об», 1-70 04 01 01 - «Сохтмони гидротехникӣ», 1-70 04 03 04- «Истифодабари оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ» ва 1-740501-2501 “Беҳдошти замин ва менеҷменти хоҷагии об” таълим медиҳанд. Ҳар сол 25-35 нафар хатмкунандагони факултет таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра лоиҳаи дипломӣ тайёр намуда, бомуваффақият дифо менамоянд. То имрӯз, зиёда аз 15 нафар дипломнависони кафедра ба ҳайси омӯзгор дар факултет мононда шудаанд, ки аз онҳо 2 нафарашон соҳиби унвони илмии номзади илмҳои техникӣ ва кишоварзӣ гардида, 1 нафар доктори илмҳои кищоварзӣ мебошад. Омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибонаи самти муҳандисӣ аз фанҳои зерин дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузашта истодаанд:
Омӯзгорони кафедра ба масъалаи баланд бардоштани сифат ва манфиати ҷараёни таълим аҳамияти махсус медиҳанд. Бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ аз ҳамаи фанҳои кафедра маҷмӯи лексияҳо тайёр карда шуда, ба китобхонаи электронии донишгоҳ ворид карда шудаанд. Онҳо дарсҳоро бо дараҷаи баланди методӣ бо истифода аз васоити таълимии ҳозиразамон мегузаронанд ва доимо кӯшиш менамоянд, ки дониши азхудкардаи донишҷӯён ба талаботи замона мувофиқ бошад.
Бо мақсади манфиатнок гузаштани дарсҳо ва баланд бардоштани дараҷаи дониши донишҷӯён аз тарафи омӯзгорони кафедра як қатор васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ тайёр карда шудаанд, ки курси кӯтоҳи лексияҳо аз рӯйи ҳамаи фанҳои кафедра, барномаҳои корӣ (силлабусҳо), дастурҳои методӣ барои иҷрои корҳои хатми бакалаврӣ ва магистрӣ, барномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз тарафи онҳо зиёда аз 180 китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ чоп карда шудааст.
Фаъолияти илмӣ ва корҳои таълимию -методӣ
Барои пурмаҳсул гузаштани дарсҳо ғайр аз асбобу ашёҳои махсус 50 намуд дастурамалҳо барои иҷроиши лоиҳаҳои курсӣ ва дипломӣ ва барои гузаштани дарсҳои амаливу КМРО ва КМД ва як китоби дарси “Асосҳои илми амали гидромелиоратсия” нашр шудаанд. Инчунин аз фанҳои гуногуни кафедра матни лексияҳоро тайёр намудаанд ва ҳозир ба тайёр кардани матни лексиҳои дигар машғуланд.
Китобҳои бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм ба нашр расида
1 Асосҳои илми амалӣ-гидромелиоратсия
Базаи моддию техникӣ ва алоқаи кафедра бо истеҳсолот
Кафедраи ИСГМ дорои базаи моддию техникӣ буда бо Идораҳои Давлатии Беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳо, бо маркази илмию тадқиқоти “Ҳисор”-и Муассисаи Давлатии “Тоҷик НИИГиМ” дар ноҳияи Рудакӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Донишҷӯёни курси 4-уми ва магистрон корҳои илмӣ-тақиқотиашонро дар ин марказ мегузаранд.
Филали кафедра
Кафедраи ИСГМ дар шахсияти мудири кафедра н.и.г., дотсент Бобиев Д.Ф бо ҶДММ “Самт-2” оид ба таъсис додани филали кафедра бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълим тайёр намудани мутахассисон дар самти масолеҳи сохтмон барои корҳои таъмирии масолеҳи сохтмон барои корҳои таъмирии системаҳои гидромелиоративӣ шартнома ба имзо расонидааст.