Кафедраи маркетинг ва агробизнес
Ғуломов Хуршед Ҳалимович,
мудири кафедраи маркетинг ва агробизнес, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Кафедра соли 1991 дар заминаи кафедраи «Ҳуқуқи советӣ ва ташкили идоракунии КАС» ташкил карда шуда, то моҳи ноябри соли 1991 роҳбарии кафедра ба уҳдаи доктори илмҳои ҳуқуқ Бобоҷонов Н.Б. вогузор шуда буд.
Аз моҳи ноябри соли 1991 то моҳи майи соли 2000 мудирии кафедраро н.и.и., «Аълочии маорифи халқ» Мадаминов А.А. ба уҳда доштанд. Аз соли 2000 то соли 2002 вазифаи мудири кафедраро н.и.и., дотсент Акрамов Ш.А. иҷро намудаанд. Солҳои 2002-2003 вазифаи мудири кафедра ба уҳдаи н.и.и., «Аълочии маорифи халқ», дотсент Боҳирова Х.С. ва солҳои 2003-2005 ба уҳдаи н.и.и., дотсент Акрамов Ш.А. вогузор карда шуда буд. Аз соли 2005 то соли 2021 роҳбарии кафедраро н.и.и., Шукуров К.И. ба уҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2022 то имруз роҳбарии кафедра ба уҳдаи н.и.и., дотсент Ғуломов Х.Ҳ, вогузор карда шудааст.
Айни замон дар кафедра дотсентон Акрамов Ш.А., Ғуломов Х.Ҳ., омузгори калон Андалибова М.Б., ассистентон Додарбеков З., Тошева Г.К. ва Раҳматзода М. ба фаъолияти илмию педагогӣ машғуланд. Инчунин дар кафедра лаборанти калон Акрамова Ш. кор ва фаъолият намуда истодааст.
Бо ташаббуси кафедра дар факултети агробизнес соли 2001 ихтисоси «Маркетинг дар КАС» ташкил карда шуд.
Дар баробари фаъолияти илмию педагогӣ, омузгорони кафедра ба тадқиқотҳои илмӣ низ машғуланд. Масъалаҳои мубрами рушди иқтисодиёти бозаргонии ҷумҳурӣ дар маркази диққати корҳои илмӣ-тадқиқотии омузгорони кафедра қарор доранд. Омузгорон оид ба масъалаҳои муносибатҳои бозорӣ ва истеҳсолӣ дар шароити имруза кори илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд. Натиҷаҳои корҳои илмии омузгорони кафедра дар 4 моногарфи
Кафедра бо Академия кишоварзии ба номи Тимирязеви шаҳри Москва, пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии иқтисодиёти кишоварзии назди Академияи илмҳои Украина, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ, Академия ҳуқуқи Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, инчунин бо Вазорати кишоварзии ҶТ, Корпоратсияи «Хурокворӣ»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ алоқаи зичи ҳамкориҳо дорад.я, зиёда аз 30 китоб ва 200 мақолаҳои илмӣ инъикос гардидаанд. Мавзуи илмӣ-тадқиқотии кафедра «Идоракунии сифати маҳсулот дар ҷараёни нигоҳдорӣ, коркард ва фуруши маҳсулот мутобиқи талаботҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.