Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи назарияи иқтисодӣ

 Kabirov C

КАБИРОВ Самариддин Ҷумахонович,
мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедра соли 1964 бо номи иқтисоди сиёсӣ ва соли 1996 бо талаботи замон номи он ба назарияи иқтисодӣ иваз карда шудааст.

 Мудирони кафедра:

  • солҳои 1964-1996 – д.и.и., профессор Миракилов.Т.М.
  • солҳои 1996-2005 – д.и.и., профессор Эргашев А.Э.
  • солҳои 2005- д.и.и., профессор Самандаров И.Ҳ.
  • солҳои 2006- н.и.и., дотсент Олимов А.Х.
  • солҳои 2007- н.и.и., дотсент Баева Н.Х.
  • солҳои 2007-2010 д.и.и., профессор Пириев Ҷ.С.
  • солҳои 2010-2016 д.и.и., профессор Ашуров И.С.
  • солҳои 2016-2018 н.и.и., дотсент Бобоев Ш.Қ.
  • солҳои 2018-2021 н.и.и., дотсент Ашуров Ш.А.
  • аз соли 2021 то ҳозир н.и.и., Кабиров С.Ҷ.

Ҳайати коллективи кафедра: Юсупова Д.С. н.и.и., дотсент, Ашӯров Ш.А., н.и.и. дотсент, Назаров Ш. дотсент, Насриддинов Ш.С. н.и.и., Кабиров С.Ҷ. н.и.и., омӯзгорон: Ятимова Б.М., Воҳидов Р.Ҷ., Абдуалимов Ф.Ҷ. ва Мардонаева С.Т.

Устодони кафедра аз фанҳои: асосҳои назариявии рушди устувори кишоварзӣ, бизнес - нақша, назария ва таърихи рушди сайёҳӣ, назарияи иқтисодӣ, нархгузорӣ, макроиқтисодӣ, таъмини бехатарӣ дар сайёҳӣ ва таърихи афкори иқтисод дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дарс мегузаранд.

Мувофиқи талаботи дохили донишгоҳӣ ва бо дастгирии раёсати донишгоҳ матни мухтасари лексияҳои фаннӣ аз чоп бароварда шуда, нусхаи электронии онҳо дар китобхонаи донишгоҳ ҷойгир карда шудааст. Устодони кафедра дарсҳои худро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ омода намоянд. 

Барои самаранок гузаронидани дарсҳо ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён дар кафедра як қатор дастурҳои методӣ тайёр карда шудааст: аз он ҷумла курси мухтасари лексия доир ба фанҳо, силлабусҳои фаннӣ, дастурҳои методӣ оид ба иҷрои кори хатми бакалаврӣ, рисолаи магистрӣ, кори курсӣ ва назоратӣ омода гардида аст.

Устодони кафедра дар асоси мавзуи кори илмӣ-тадқиқотии тасдиқшуда барои солҳои 2021-2025 «Самтҳои назариявӣ ва методологии саноатикунонӣ дар КАС»-и Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ҳисоботҳо ва мақолаҳои илмӣ чоп карда истодаанд. Дар давоми понздаҳ соли охир дар назди кафедра зиёда аз 13 аспирантон рисолаҳои номзадии худро ҳимоя кардаанд.

Кори тарбиявӣ дар давоми сол аз гузаронидани соатҳои кураторӣ суҳбатҳо бо волидайни донишҷӯён иборат мебошад. Устодони кафедра ба ҳайси кураторони гӯруҳҳои академӣ фаъолият доранд. Дар соатҳои кураторӣ ба масъалаҳои рӯзмарраи сиёсӣ – иқтисодӣ ва дар бораи баланд бардоштани сатҳи кӯшишу ғайрат, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, интизом, омӯхтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва риояи талаботҳои дохили донишгоҳӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.