Кафедраи забони русӣ
МИРЗОЕВА Сокина Амируллоевна,
мудири кафедраи забони русӣ
Кафедраи забони русӣ соли 1931 дар назди Институти боғдории Осиёи Миёна ташкил шуда, соли 1940 дар ҳайати кафедраи забонҳо фаъолият дошт. Соли 2001 кафедра аз ҳайати кафедраи забонҳо ҷудо гардида мустақил гашт. Сарварии онро Ли К.Н. ва баъдан дотсент Изатов Қ. бар уҳда дошт. Аз соли 2014 то 2022 иҷрокунандаи дотсент Халикова М.Н. ҳамчун мудири кафедра фаъолият намудаанд. Соли 2023-2024 мудири кафедраи мазкур Урунбаева Н.У. фаъолият намудаянд.
Айни ҳол, оғоз аз сентябри соли 2024 мудири кафедра н.и.ф. Мирзоева С.А. мебошад. Дар кафедра устодони собиқадор ва ботаҷриба кору фаъолият менамоянд, аз он ҷумла: Изатов К.И., Халикова М.Н., Абдулхаева М.Х., Нурова Ш.А., Саидов С.Б., Урунбаева Н.У., Убайдуллоева А.М., Мелибаева З.М. ва омӯзгорони ҷавон Садыкова Г.А., Насриддинов Ф.З, Шарипова З.М.
Мақсади омӯзиши фанни забони русӣ аз бар намудани муоширати донишӯӣ бо забони русӣ мебошад. Кафедра машғулиятҳои амалии худро дар курсҳои 1 (рӯзона ва ғоибона), магистрон, аспирантон ва унвонҷӯён дар сатҳи баланд мегузаронад.
Аз баски забони русӣ дар ҷумҳурӣ мавқеи баланд дорад, дар назди кафедра «Маркази омӯзиши забони русӣ» амал менамояд, ки барои забондонии донишҷӯён заминаи хубе фароҳам меорад. Ин марказ барои таҳсил дар хориҷи кишвар ва лоиҳаҳои ширкатҳои хориҷӣ пойгоҳи асосӣ мебошад.
Дар солҳои охир, аз тарафи омӯзгорони кафедра якчанд китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ омода ва зиёда аз 30 мақола чоп гардидаанд. Кафедра бо марказҳои омӯзишии Федератсияи Россия ва марказҳои омӯзишии Донишгоҳҳои ҷумҳурӣ робитаи зич дорад. Дар қатори корҳои таълимию методӣ устодони кафедра ба фаъолияти илмӣ низ машғуланд.
Омӯзиши фанни забони русӣ дар асоси технологияи нав сурат мегирад. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ аз соли 2016 дар назди кафедраи забони русӣ кабинети замонавии лингафонӣ фаъолият дорад. Устодони кафедра дар чорабиниҳои донишгоҳ ва шаҳр фаъолона иштирок мекунанд.