Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

 

ДӮСТОВ Комилҷон Авлоқулович,
мудири кафедраи ззабон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Бо қарори Шурои илмии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур аз 1-уми августи соли 1990 дар пойгоҳи кафедраи забонҳо кафедраи наву мустақили забон ва адабиёти тоҷик ташкил карда шуд.

Ба кафедраи мазкур аз рӯзи бунёд то соли 1996, профессор Абдуллоев А. А., солҳои 1996-2000-ум  дотсент С. Собирҷонов, солҳои 2000-2005  дотсент Ш. Музаффарова, солҳои 2006-2018, дотсент Мирзода З.Қ. роҳбарӣ кардаанд. Аз соли 2018 то имрӯз, дотсент Дӯстов К.А. мудири кафедра мебошад.

Дар тӯли фаъолияти кории худ дар кафедра 6 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд, инҳо: Ф. Ҳусейнзода, Ш. Музаффарова, Дӯстов К., Ш.Мирзоева, Ҳикматов Ҷ., Исматуллоев М.

Солҳои гуногун омӯзгорони зерин дар кафедра кору фаъолият кардаанд: Қодиров Р.Қ., Исматуллоев М., Т.Расулӣ, Ш. Мир-зоева, Исматов С., Иззатов Т., Тешаева Д., Элбоев В., Турсунова З., Нуралиев А., Маҳ-мадова Г., Саидов А., Ҳоҷиев С., Латипов Ф.

 Аз тарафи устодони кафедра  чуин дастуру китобҳои дарсӣ таҳия ва чоп шудаанд: “Мамлакат аз адл шавад пойдор” (Дӯстов К. А. 1997),  “Инъикоси ғояи ҳокими идеалӣ дар “Ҳафт пайкар” “Искандарнома”-и Низомии Ганҷавӣ” (Дӯстов К.А. 1998), “Таҳлили образи ҳокими идеалӣ “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” (Дӯстов К.А. 2001), “Луғати тафси-рии русию тоҷикии истилоҳоти зироатчигӣ ва истилоҳоти хӯроки чорво” (Сардоров М.Н., Норов М.Н, Иззатов Т.Қ. 2003), “Панду ҳикмати Низомӣ” (Дӯстов К.А. 2004),  “Луғати тафсирии русӣ ба тоҷикии истилоҳоти бозор-ёбӣ” (Акрамов Ш., Иззатов Т.Қ, Валиев Ҷ.А. 2005), “Луғати тафсирии истилоҳоти зироат-корӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво” (Сардоров М.Н., Иззатов Т.Қ. 2007),  “Андар шинохти Рӯдакӣ” (Ҷамолова Ҷ. 2007), “Мавлавӣ Хол-муҳаммади Хаста” (Мирзода З.Қ. 2007), “Луға-ти тафсирии истеҳсолоти зироатпарварӣ” (2007), Намунаи матнҳои иншо” (Иззатов Т.Қ., Дӯстов К.А., Мирзода З.Қ., Фархуддинов С. А. 2007), “Луғати тафсирии истилоҳоти иқтисодӣ” (Пириев Ҷ.С., Иззатов Т.Қ., Иззатова Ф.Т. 2008), “Барномаи фанни забони тоҷикӣ” (Дӯстов К.А., Мирзода З.Қ., Фархуддинов С.А. 2008.), “Барнома-силлабуси фанни забони тоҷикӣ барои таълими низоми кредитӣ” (Мирзода З.Қ., Дӯстов К.А. 2009), “Силлабус (барномаи корӣ) аз фанни забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни соли якуми таҳсили факултаҳои ғарифилологӣ” (Мирзода З.Қ. 2010), “Дастури методӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз фанни забони тоҷикӣ” (Мирзода З.Қ., 2010),  “Поэтикаи Пӯлод Толис” (Исматуллоев М. 2010), “Луғати тафсирии истилоҳоти соҳаи чорводорӣ (Қодиров Т.А., Дӯстов К.А. Русӣ-тоҷикӣ) 2011), “Забони тоҷикӣ” (машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни курсҳои якуми факултетҳои ғайрифилологӣ, 2012), “Рӯзгори одамони наҷиб” (Мирзода З.Қ. 2012),  “Забони тоҷикӣ” (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои равияи биологӣ. Мирзода З.Қ., Забирова М. Э.  2012), “Панду ҳикмати Низомӣ” (Дӯстов К.А. 2012), “Дастури методӣ барои иҷрои КМРУ ва саволномаҳои санҷиши тестӣ аз фанни забони тоҷикӣ дар низоми кредитиии таҳсилот” (Дӯстов К.А., Мирзода З.Қ. 2013), “Забони тоҷикӣ ва маданияти нутқ” (суханварӣ) Дастури таълимӣ – тахассусӣ барои магистрон (Дӯстов К.А., Мирзода З.Қ. 2014). “Энсиклопедияи факултети зооинженекрӣ” (Қодиров Т.А., Амиршоев Ф.С., Дӯстов К.А. 2014), “Дастури таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои низоми кредитии таҳсилот (Дӯстов К.А. 2015), “Чорвои калони шохдор, технологияи истеҳсоли шир ва гӯшт” (Қодиров Т.А., Дӯстов К.А. 2016). “Забони ман-ҷаҳони ман” (Дӯстов К.А., Мусавирова Ҷ.М.2017), Дастури методӣ барои иҷрои КМРУ ва саволномаҳои санчишӣ аз фанни забони тоҷикӣ дар низоми кредитии таҳсилот (Дӯстов К.А., Зикаева С.Ф.), “Таҷдиди назар ба иншо ва иншонависӣ” (Дӯстов К.А., Ҷамолова Ҷ., Файзова Т.), .“Фарҳанги тафсирии истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ” (Қодиров Т.А., Дӯстов К.А. 2020), монографияи “Тасвири шоҳи идеалӣ дар образи Баҳроми Гӯр ва Искандар” (Фирдавсӣ ва Низомӣ) (Дӯстов К.А.)   ва ғайра.

   

Яке аз вазифаҳои муҳими кафедра татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар донишгоҳ мебошад. Бинобар ин, устодони кафедра барои дар амал татбиқ намудани он саъю кӯшиши зиёд доранд. Дар давоми солҳои 2005-2020 бо саъю пешниҳоди устодони кафедра ва дастгирии раёсати донишгоҳ як қатор чорабиниҳои адабиву илмӣ, конференсияҳо, бузургдошти олимону адибони тоҷик баргузор гардиданд. Аз ҷумла: “1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Бузургдошти Имоми Аъзам”, Забон-як рукни миллӣ”, “Забон -ҳастии миллат”, “Забон- пайвандгари дилҳост”, Бузургдошти 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ, “Забон-калиди дониш”, “Умри миллат ба умри забон вобаста аст”, “600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ”, “700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”, “150-солагии Туғрали Аҳрорӣ”, 400-солагии Сайидои Насафӣ, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода,  “Ҷавонон –нерӯи созанда ва бунёдкор” бо ширкат ва суханронии доинишмандони шинохтаи тоҷик,  ҳамчунин семинарҳои омӯзишии “Мушкилоти истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ” ва  “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” бо иштироки устодони донишгоҳ баргузор карда шуданд.

Аз 2.12.2021 то 13.12.2021 дар Китобхонаи миллӣ даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 3 нафар: Мирзоева Наргис Назаровна-номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик дар байни аспирантону докторантҳо ва ходимони илмӣ, Шоев Бахтиёр Алиевич-номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти ҷаҳон байни калонсолон, корманди қисми хоҷагии донишгоҳ ва Негматов Садриддин Бароталиевич-номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.

Zabpni modariZabpni modari 1

Дар давраи ҷамъбастии озмун Мирзоева Наргис дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик байни унвонҷӯён ва Негматов Садриддин дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардиданд, ки ин дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур туҳфаи арзандае гардид.

ГАНҶИНАИ БЕГАЗАНД
(Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик)

Kitob DUSTOVKitob DUSTOV 1