Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи зоотехнияи ҷузъӣ

САФАРОВ Туйчибой Сафарович, 

мудири кафедраи зоотехнияи ҷузъӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

Кафедраи мазкур  соли 1947 ташкил ёфта, мудири нахустинаш профессор В.А. Ратсиборский (1947-1952) буд. Баъдтар дотсентон Ғ.А. Алиев (1950-1952), В.Е. Алтшулер (1952-1958), К.Г. Горшкова (1958-1960) В.М. Дудукалов (1960-1965), И.Г. Лебедев (1965-1976),     Г.Т. Ли (1976-1978), С.А. Ҳамроев (1978-1981), Н.О.Мамин (1982-1986), Ғ.А. Саидов (1986-2000), профессор Рӯзиев Т.Б.(2000-2017)  дар ин кафедра мудирӣ кардаанд.

Дар кафедра устодони номдор аз кабили академик Г.А. Алиев, академик, Комилзода Д.К., профессорон Рӯзиев Т.Б. Шарипов А.,  Шамсиев А.Г, дотсентон  Ҳамроев С.А., Лючипи Л.В., Файзиев Г.Ф., Алагужин А.М., Ахмадов Т.А., Гладишев А.А.  Қодиров Т.А. кор ва фаъолият намудаанд.

Ҳоло ба кафедраи мазкур номзади илмҳои кишоварзӣ омӯзгори калон  Сафаров Т.С. (аз моҳи декабри соли 2017 то инҷониб) сарварӣ карда, дар он доктори илмҳои кишоварзӣ профессор  Рӯзиев Т.Б.,   номзади илмҳои кишовазӣ, профессор Қодиров Т.А. ва номзади илмҳои кишоварзӣ, омӯзгори калон      Аюбов Б.М., ассистент Холиқов А.Н. ва лаборант Муродова Р. фаъолият доранд.

Дарсҳо бо донишҷӯён  дар 3 синфхонаи махсусгардонидашуда, инчунин дар хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор»-и шаҳри  Ҳисор ва хоҷагиҳои пешқадам (хоҷагии ба номи Л.Муродов ва хоҷагии ба номи А.Юсупов-и шаҳри Ҳисор) гузаронида мешавад.

Устодони кафедра мувофиқи талаботи замон   доир ба мавзуи “Мукаммалгардонии хусусиятҳои ирсӣ ва сифатҳои кории аспҳои тоҷикӣ” ва “Истифодабарии буққаҳои типи тоҷикии зоти сиёҳало бо мақсади баланд бардоштани сифати зотии чорвои аҳолӣ» тадқиқотҳои илмӣ мебаранд.

Дар асоси бурдани корҳои илмӣ  бо роҳбарии профессор Рӯзиев Т.Б., 9 – нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд.  Устодони кафедра зиёда аз 15  тавсияномаҳои илмӣ –амалӣ нашр намудаанд.   

Дар фаъолияти кафедра корҳои таълимӣ – методӣ мавқеи асосиро ташкил медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо забони давлатӣ   китоб аз фанни «Гӯсфандпарварӣ» (2006), муаллиф Ҳамроев С.А. «Технологияи парвариш, нигоҳдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ (2013) муаллифон Рӯзиев Т.Б., Шамсиев А.Г. «Машғулиятҳои амалӣ аз фанни чорводорӣ» (2015) муаллифон Рӯзиев Т.Б., Мастов А.Ҷ., Сафаров Т.С., Аюбов Б.М.  «Чорвои калони шохдор»(2013), муаллифон  Рӯзиев Т.Б., Қодиров Т.А., «Чорвои калони шохдор, технологияи истеҳсоли шир ва гӯшт» (2016) муаллифон  Қодиров Т.А.,  Дӯстов К.А. , «Технологияи истеҳсоли гӯшт» (2018) муаллиф Рӯзиев Т.Б., «Машғулитҳои амалӣ аз фанни гӯсфандпарварӣ» (2019) муаллиф Сафаров Т.С., «Технологияи истеҳсоли шир» (2019) муаллиф Рӯзиев Т.Б., «Асппарварӣ» (2020) муаллиф Шамсиев А.Г., «Бузпарварӣ» (2021) муаллифон Сафаров Т.С., Юсупов А.Я., «Говпарварӣ» (2021) муаллифон Рӯзиев Т.Б, Рӯзиев Х.Т.  дастрасӣ  донишҷуён гардиданд. 

Ба   кафедра тахассуси зооинженер вобаста карда шудааст. Ихтисоси -зоотехния яке аз ихтисосҳои асосии факултети зооинженерӣ ба ҳисоб меравад. Ин ихтисос дар муддати фаъолияти 74-солаи худ зиёда аз 4475 нафар мутахассисони соҳибихтисосро тайёр карда, ба  истеҳсолот равона намудааст.

Дастовардҳои ин кафедра - офаридани зоти аспи тоҷикӣ мебошад. Зоти аспи тоҷикӣ дар натиҷаи дурага кунондани аспҳои мадании зотҳои асили савории англисӣ ва арабӣ бо зоти таҳҷойии лақайӣ соли 2002 дар комиссияи байнидавлатии апробатсионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. Муаллифони ин зот дотсент  Мамин Н.О. ва профессор  Шамсиев А.Г. шинохта шудаанд. Инчунин санаи 10 январи соли 2022 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зоти говҳои сиёҳалои тоҷикиро ҳамчун зот қабул намуд, ки муаллифи он профессор Рӯзиев Т.Б аст.  

Омӯзгорони кафедра  аз фаннҳои технологияи истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, говпарварӣ, қутоспарварӣ,  гӯсфандпарварӣ, бузпарварӣ, асппарварӣ, асосҳои чорводорӣ, харгӯшпарварӣ дарс медиҳанд.