Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Хабар

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ 16.11.2020 16:31
16-уми ноябр ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори фарҳангии бинои асосии донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши муассири Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллии тоҷикон» доир гашт. Дар оғоз Суруди миллӣ танинандоз гардид, иштирокчиён бо эҳсоси баланд онро иҷро карданд. Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба конференсия ҳусни ифтитоҳ ....
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ 09.04.2021 17:58
9-уми апрели соли равон дар донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Заминаҳои асосии рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносй, дақиқ ва риёзӣ: масъала ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид. Қабл аз оғози кори конференсия иштирокчиён бо намоиши ихтирооти олимони ҷавони донишгоҳ шинос шуданд. Аҳмадов Баҳром Раҷабович- муовини ректори донишгоҳ оид ба ....
Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ 08.12.2020 08:07
Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи талаботи Нақша-чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ дар давраи пандемияи сирояти короновируси COVID – 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои пешгирикунандаро ба роҳ мондааст. Дар таърихи 7 декабри соли равон бо иқдоми Раёсати донишгоҳ миёни аҳолии шаҳри Душанбе бо ....
Кӯмаки яквақтаи маводҳои хӯрока ба кормандон 21.05.2020 18:29
Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар арафаи иди Саиди фитр ба 11 нафар эҳтиёҷмандон ва 6 нафар табибони дармонгоҳи донишгоҳ кӯмаки яквақтаи маводҳои хӯрока аз қабили: орд – 10 кг., шакар – 5 кг., макарон – 5 кг., биринҷ – 5 кг ва равған – 3 л. ....
МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ-ИТТИЛООТӢ 01.10.2020 18:43
Соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ амалишавии Барномаҳои озмунии грантӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” эълон гардид, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ин самт барандаи лоиҳа дар самти “Занон ҳамчун қувваи ҳаракаткунанда дар ....
Машқи фармондеҳии мудофиаи гражданӣ 29.09.2020 19:20
29 сентябри соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сардори Мудофиаи граждании ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, машқи фармондеҳии ситоди мудофиаи граждании донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин машқ роҳбарияти мудофиаи граждании донишгоҳ, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ....
Мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ» 05.04.2021 11:17
Дар таърихи 05 – уми апрели соли равон дар донишгоҳ бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Мизи мудавварро бахшида ба 30 ....
Мусобиқаи варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Президент 14.11.2020 08:03
Санаи 14 ноябри соли 2020 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – такягоҳи варзишгарон» баргузор гардид, ки устодону донишҷӯён аз рӯйи намудҳои гуногуни варзишӣ, яъне гуштингирӣ, гурзбардорӣ, бандкашӣ ва футболи хурд иштирок намуданд. Ғолибон бо ифтихорномаҳо ....
Наврӯз мужда аз баҳор ва файзу баракати рӯзгор аст. 20.03.2020 16:45
20 марти соли 2020 саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур қабои идона ба бар карда буд, шиору навиштаҳо, садои созу наво, даста-даста бо либосҳои идона ба базмгоҳ воридшавии ҷавонону гулдухтарон, ба атроф паҳншавии бӯйи муаттари ниҳолони пургули навшукуфта аз таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ мужда медод. Идкунандагон баҳри дар ....
Намоиш-фурӯши китоб 29.10.2020 13:00
29-уми октябри соли равон дар пойгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур намоиш-фурӯши васеи китобҳои тозанашри муассисаи давлатии нашриёти «Адиб» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси китобхонаҳо ва рушди маънавиёти ҷомеа, ....