Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Нишасти матбуот 23.07.2025

НИШАCТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1677 аз 04 марти соли 2005 дар таърихи 23 июли соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки масъулини донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ, аз ҷумла рузномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Халқ овози”, “Мароми пойтахт”, “Омӯзгор”, “Дониш”, маҷалаҳои “Кишоварз”, Илм ва ҳаёт”, телевизионҳои “Шабакаи аввал”, “Ҷаҳоннамо”, радиои Тоҷикистон, “Садои Душанбе” нишасти матбуотӣ доир гардид.

Ибтидо рӯзноманигорон аз озмоишгоҳи илмӣ-таълимии “Идоракунии технологияи истифодаи каммасрафи энергия ва захираҳои об дар соҳаи хоҷагии об”, ки бахшида ба эълон гардидани Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо дастгирии шарикони рушд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, дидан намуданд. Ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур онро муаррифӣ намуда, дар бораи раванди фаъолияташ маълумоти муфасал дод. Сипас дар толори фарҳангии факултети гидромелиоративӣ нишасти матбуотӣ идома ёфт. Сарвари донишгоҳ дар бораи фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияву фарҳангӣ, иқтисодиву хоҷагидории донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2025-2026 ва нақшаҳо дар нимсолаи дуюми соли хониши 2025-2026 мухтасар маълумот дод.

Пас аз баромади ректор нишасти хабарӣ ба таври саволу ҷавоб сурат гирифт. Қабл аз оғози нишаст ба рӯзноманигорон маълумотнома «Оид ба фаъолияти таълимиву илмӣ, тарбиявию фарҳангӣ ва ҳоҷагидории донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2025-2026 ва нақшаҳо дар нимсолаи дуюми соли хониши 2025-2026» пешкаш карда шуд, ки дар он оид ба ҳама самтҳои фаъолияти донишгоҳ маълумоти муфассал мавҷуд буд. Журналистон бо муҳтавои маълумоти мазкур пешакӣ шинос шуданд ва дар асоси он ба саволҳояшон оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, хизмати хатмкунандаҳои донишгоҳ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурмии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани ихтисосҳои ҷадид дар донишгоҳ дар асоси барномаҳои давлатӣ,раванди таҳсолоти фосилавӣ дар донишгоҳ, дастгирии ятимону маъюбон ва дигар эҳтиёҷмандон дар донишгоҳ, рафти ташкили истироҳати устодон аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ ва дигар саволҳо ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишасти матбуотӣ ошкоро ва бо рӯнамо (презентатсия), ки дар он аз ҷадвалу диаграмма, суратҳо ва дигар маводи намоишӣ самаранок истифода гардид, бисёр ҷолибу хотирмон гузашт.

Возможно, это изображение 4 человека, помост, отдел новостей и текст

Возможно, это изображение 2 человека и текст

https://www.facebook.com/photo/?fbid=770613548956453&set=pcb.2930665953773698