Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

БЕҲТАРИН ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон қайд карданд, ки “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем.

Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.

Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд”.

Дар воқеъ ҷавонон неруи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи мо мебошанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан, вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҷомеа ба шумор меравад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои марбута, махсусан Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Боиси хушнудии коллектииви Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аст, ки дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва қадрдонии ғолибони озмунҳои соҳавии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Одинаев Бахтиёр Сафаралиевич дар қатори мудирони фаъоли шуъбаи кор ҷавонони донишгоҳҳо ҳамчун беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2025 пазируфта шуда, бо Диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарафроз гардонида шуд.

622834102 922607783757028 7699786442510404007 n