Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Дастовардҳои замони Истиқлол беназиранд

27-уми апрели соли равон дар донишгоҳ тибқи қарори Раиси шаҳри  Душанбе аз 15 феврали соли 2021, №97 бо мақсади иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби дастоварду арзишҳои 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии ҷолиб  баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода У.М. меҳмонон–Муинӣ М.М. – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Олимов Ҷ.-мудири шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Солеҳов Ф. Т. – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷоиеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раҳимзода Ш.- сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Рауфзода С.-директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”, Дилшоди Ҷамшед-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Зафарзода К.-мудири шуъбаи рушди сайёҳии шаҳри Душанберо барои ташрифашон ба донишгоҳ хайрамақдам намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми хеш ба ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дигаргуниҳои ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии  Ватани азизамон, ҳамчунин камбудиҳои ҷойдоштаро дар давраи муайян мавриди таҳлили  амиқ қарор дода, воситаҳои таконбахши муваффақияту пешравиҳо ва роҳҳои ба ин дастовардҳо ноил гаштанро манзур намудаанд. Дар 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибисиқлоли мо дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои шоён ноил гашт. Боиси хушнудист, ки имрӯз як гурӯҳи кории таблиғотии аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе таъсисёфта ба донишгоҳи азизи мо ташриф овардаанд. Аҳли профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Шукргузорӣ аз он менамоем, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои 30 соли он ба комёбиҳои шоён сазовор шудему имрӯз дар фазои сулҳу амонӣ кору пайкор ва таҳсилу таҳқиқи илмӣ машғулем.

Сипас, оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ М.М., Рауфзода С. Ва Дилшоди Ҷамшед дар назди омӯзгорону донишҷӯён баромад намуданд.

Ҳозирин ба саволҳои хеш ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд. Чорабинӣ ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

dastovard oi zamoni isti lol benazirand

dastovard oi zamoni isti lol benazirand 1

dastovard oi zamoni isti lol benazirand 2

dastovard oi zamoni isti lol benazirand 3

dastovard oi zamoni isti lol benazirand 4

dastovard oi zamoni isti lol benazirand 6

dastovard oi zamoni isti lol benazirand 7