Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!

Дар таърихи 07 – уми майи соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бахшида ба 76 - солагии Рӯзи Ғалаба (9 май) дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи тантанавиро бахшида ба 76 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода У.М. кушода эълон намуданд.

Сипас суруди миллӣ садо дод.е

Пас аз сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, сухан ба маърӯзачӣ сардори кафедраи ҳарбии донишгоҳ, полковник Шамсиддинов Камол Асоевич таҳти унвони «Поси хотираи ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дода шуд.

Магистри соли дуюми факултети механиконии кишоварзӣ Набизода Фотима сухани табрикотии худро қироат намуд.

Дар анҷом муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, профессор Самандаров И.Ҳ. фармоиши ректори донишгоҳро оид ба ҳавасмангардонӣ, додани мукофотпулӣ ба ҷанговарони башардӯст ва собиқадорон бахшида ба 76 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қироат намуд.

hej kas va hej chiz 1

hej kas va hej chiz 2

hej kas va hej chiz 3

hej kas va hej chiz 4

hej kas va hej chiz 5