Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

ИФТИТОҲИ КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ ФАО ДАР ДУШАНБЕ

Санаи 11-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур маросими расмии ифтитоҳи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Директори Генералии Созмони Озуқаворӣ ва Кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО)-Доктор Тсюй Дунъюй ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конфронс ҳайатҳо ва намояндагони 54 давлати аъзои ФАО, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва коршиносони соҳаи кишоварзӣ ҳузур доштанд.

Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур зимни сухани ифтитоҳӣ аз ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баландро барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Директори генералии ФАО Сюй Дунюй таъкид кард, ки баргузории конфронс бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ӯ бобати рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд пешниҳодҳои муфид ироа намуд.

Ҳамзамон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки баргузории Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Тоҷикистон нишонаи эътимод ва таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба сиёсати созандаву пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бахши кишоварзиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор додааст. Бо татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, имкониятҳои содиротии кишвар низ васеъ гардидаанд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ҳамчунин таъкид намуд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим, камбуди захираҳои обӣ ва афзоиши талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, то ҳамкориҳоро дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ тақвият бахшанд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисоди “сабз” мебошад.

Зикр шуд, ки баргузории чунин конфронсҳои сатҳи баланд имконияти мусоид барои мубодилаи таҷриба, баррасии масъалаҳои мубрами соҳа ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба меҳмонон ва иштирокчиёни конфронс барномаи рангини фарҳангии театрикунонидашуда пешкаш гардид. Ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ анъана ва тамаддуни ғании халқи тоҷикро муаррифӣ намуда, ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшиданд.

 695683238 122113994769256794 8261878637284636719 n

692383288 122114001549256794 7304327752336803489 n

693915928 122114001495256794 4411190858686360768 n

697792848 122114001609256794 1726459335438439143 n

photo 2026 05 13 11 04 40

697398973 122113995693256794 3294977913367172666 n

696940090 122113998345256794 3583232761799975399 n

697228962 122114000685256794 3118566237032430766 n

Манбаъ: https://www.facebook.com/groups/683492831824366