Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар фестивалҳои «Сад ранги чакан» ва «Ҷилваи рангҳо»

Даври ноҳиявии фестивалҳои «Сад ранги чакан» ва «Ҷилваи рангҳо», ки тибқи ҷадвали баргузории фестевал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №АП-1332 тасдиқ гардидааст, санаи 23 апрели соли 2021 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи С. Айнӣ баргузор гардид 20 нафар донишҷӯписарон бо бар намудани либоси деҳқон иштирок карданд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона дар даври ноҳиявии фестивали «Ҷилваи рангҳо» донишгоҳ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷаборзода Наврӯз Ҷабор бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

ishtiroki donish joni donishgo dar festival oi sad rangi chakan va ilvai rang o 2

ishtiroki donish joni donishgo dar festival oi sad rangi chakan va ilvai rang o