Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин мешаванд

19.05.2021 дар толори фарҳангии бинои асосии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишо-варзии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар донишгоҳ чорабинии бошукӯҳе барои хатмкунандагони соли таҳсили 2020-2021 таҳти унвони  «Ярмарка - тақсимоти хатмкунандагони соли таҳсили 2021 бо ҷойи кор» баргузор  гардид, ки мақсади он пеш аз ҳама, таъминоти хатмкунандагони на танҳо гурӯҳҳои буҷавӣ,  балки гурӯҳҳои шартномавӣ низ бо ҷойи кор аст. Дар чорабинӣ тамоми хатмкунандагони донишгоҳ ва меҳмонон - намояндагони зиёда аз 22 ташкилоту корхона ва кумитаву агентиҳои соҳавӣ иштирок доштанд.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори донишгоҳ ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми Навбатии хеш Ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла қайд кардаанд, ки мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро на аз рӯйи шумораи хатмкардагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардаҳои бо кор таъминшуда ва дастовардҳои илмии дар истеҳсолот татбиқгардида муайян намоем. Имрӯз хатмкардаҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар бозор харидор доранду соҳиби ҷойи кор мегарданд. Донишгоҳ ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар мебошад, ки барои муҷтамеи агросаноатии ҷумҳурӣ мутахассисони ҳозиразамонро омода месозаду дар тӯли 90 соли фаъолияти худ ба яке аз муассисаҳои калонтарини касбии таълимию илмии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар ин давра барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 55786 нафар мутахассиси баландпоя тайёр намудааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин теъдод зиёда аз 34700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва он 62,2 фоиз аз теъдоди умумии хатмкардагон мебошад.

Дар айни замон дастпарварони донишгоҳ дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақомоти роҳбарикунанда бомуваффақият кор мекунанд. Кадрҳои хатмкардаи донишгоҳ-аз раисони шаҳру ноҳияҳо сар карда,  то вазирон  ихтисоси аввалро дар ин донишгоҳ гирифтаанд. Онҳо дар вазифаҳои пурмасъули ҳукуматӣ ва сиёсӣ сарбаландона фаъолият кардаанд ва ҳоло низ фаъолона кор мекунанд. Соли ҷорӣ донишгоҳро 1766 нафар (614 нафар буҷавӣ ва 1090 нафар шартномавӣ) донишҷӯ, бакалавр ва мутахассис хатм менамоянд, ки аз ин теъдод 1667 нафар бакалавриат (644 нафар буҷавӣ, 1023 нафар шартномавӣ) аз рӯйи 42 ихтисос ва 99 нафар мутахассис (32 нафар буҷавӣ ва 67нафар шартномавӣ) аз рӯйи 1 ихтисос мебошанд.

Ҳар сол ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, №262 оид ба “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” дар донишгоҳ  «Ярмарка - тақсимоти хатмкунандагон бо ҷойи кор» баргузор мешавад ва имрӯз чунин чорабинии муҳим доир шуда истодааст ва боварӣ дорем, ки тавассути ин ярмарка аксар хатмкунандогони донишгоҳ соҳиби ҷойи кор мешаванд. Онҳо барои кор ба истеҳсолот, ба корхонаҳои хочагии қишлоқ ба сифати иҷоракор, фермер ва кормандони хоҷагии инфиродӣ равона мешаванд. Бо тавсияи комиссия, қисми дигари донишчӯёни қобилиятнок ва барои аз худ кардани тахассуси интихобкардаашон дилгарм хонишро дар магистратураву докторантура давом медиҳанд.

Зиёзода Сулаймон Ризоӣ - вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш, аз ҷумла иброз доштанд, ки имрӯз пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистони азиз ба соҳаи аграрӣ вобастагии амиқ дорад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки бояд дар давраи кунунии давлатдорӣ баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сиёсии насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад, зеро бе илму дониш ва маърифату ҷаҳонбинии кофӣ ба қадри неъмати бебаҳои вахдату якпорчагӣ расидан номумкин аст. Дар шахсияти мутахассис камолоти касбӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ ба ҳам пайвастаанд. Дар амалигардии ин ҳадафи тақдирсоз ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ мутахассисони баландпояи ба шароити нави муносибатҳои бозоргонӣ рақобатпазир ва ба меъёрҳои талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Ин гуна мутахассисонро Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тайёр менамояд. Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ба сифати тайёр намудани мутахассисони кишоварзӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои бо ҷойи кор таъмин намудани ҳатмкунандагони худ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд. Донишгоҳ аз рӯйи бештари нишондодҳои тайёр намудани мутахассисону кадрҳои илмӣ - омӯзгорӣ ва натиҷаи корҳои илмӣ таҳқиқотӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва аттестатсияи кормандону омӯзгорон ба ҷумлаи яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии мунтазам рушдёбанда дохил мешаваду мутахассисони варзидаи кишоварзиро бо равияҳои биологӣ, иқтисодӣ ва муҳандисӣ омода месозад. Чорабинии имрӯза барои бо ҷойи кор соҳиб шудани онҳо имконият фароҳам меорад ба онҳо дар ҷодаи фаъолити корӣ комёбиҳо таманно мекунем.

Дар анҷоми  чорабинӣ намояндагони кумитаю ташкилот вобаста ба ихтисосҳо бо хатмкунандагон суҳбат ороста, онҳоро барои кор ба корхонаҳояшон даъват намуданд. Аз рӯйи маълумоти пешакӣ 243 нафар хатмкунанда ба сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба кор фиристонида мешаванд. Аз дигар корхонаву ташкилот: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ ва Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ; Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ; Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе; Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр»; Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»; Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон»; Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» барои хатмкунандагон 171 ҷойи кори холӣ пешниҳод намуданд.

Акнун хатмкунандаҳои буҷавӣ пас аз хатми донишгоҳ дар истеҳсолот ва корхонаҳои соҳавӣ ҷойи кори худро пайдо намуда, донишҳои назариявии худро дар амалия татбиқ менамоянд.

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 1

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 2

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 3

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 4

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 5

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 6

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 7

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 8

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 9

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 10

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 11

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 12

khatmkunandagoni donishgo bo oji kor ta min meshavand 13