Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Иқтисодиёт, идоракунӣ ва молия дар КАС: ҳолат ва самтҳои дурнамои рушди илм дар асри 21»

Имрӯз 28.05.2021 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо ташаббуси факултетҳои баҳисобгирӣ ва молия ва иқтисодӣ конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Иқтисодиёт, идоракунӣ ва молия дар КАС: ҳолат ва самтҳои дурнамои рушди илм дар асри 21» шуда гузашт. Дар кори он ректори донишгоҳ профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., профессор - Қудратов Рустам Раҳматович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори филиали Институти умумиросиягии иқтисодиёти кишоварзӣ Кибиров Алихон Яковлевич (тариқи бохат), муовини  ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Аҳмадов Баҳром Раҷабович, олимони соҳаи иқтисодиёти кишоварзӣ ва намояндагони ахбори омма ширкат намуданд.

Конференсияро ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур кушуда оид ба мушкилоти иқтисодиёти кишоварзӣ қайд карда гузаштанд. Қудратов Рустам Раҳматович – д.и.и., профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Иҷроиши самтҳои асосии барномаҳои миёна-муҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», д.и.и., профессор Носиров Р. дар мавзуи «Ҳолати кунунӣ ва мушкилоти базаи моддӣ-техникии кишоварзӣ» ва н.и.и. Элмуродов Х.З. дар мавзуи «Баҳодиҳии иқтисодии заминҳои кишоварзӣ – меха-низми асосии таъмини самаранокии субъектҳои хоҷагидорӣ» баромадҳои ҷолиб намуданд.

1

2

2

3

4

5

6