Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ

9-уми апрели соли равон дар донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Заминаҳои асосии рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносй, дақиқ ва риёзӣ: масъала ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид. Қабл аз оғози кори конференсия иштирокчиён бо намоиши ихтирооти олимони ҷавони донишгоҳ шинос шуданд.

Аҳмадов Баҳром Раҷабович- муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор конференсияро ҳусни оғоз бахшид.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур - ректори донишгоҳ, профессор дар сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки дар доираи «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020» дар донишгоҳ корҳои шоён анҷом дода шуданд. Озмоишгоҳҳои илмӣ – таҳқиқотии ҳозиразамон бунёд шуданд. Кабинетҳои фаннӣ оид ба фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ  бо асбобу лавозимоти таълимӣ ва ғайра таҷҳизонида шуданду дар раванди таълим самаранок истифода бурда мешаванд. Дар муддат олимони донишгоҳ ба дастовардҳои шоён ноил гардиданд ва ин боис гашт, ки донишгоҳ  соли 2017 Шаҳодатномаи Нишони фахрии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (26 декабри соли 2019)  таъкид намуданд, ки масъалаи аз худ намудани донишҳои замонавӣ, пурзӯр кардани таълими фанҳои табиатшиносӣ дар шароити кунунӣ хеле муҳим мебошад. Бо назардошти ин бо пешниҳоди Сарвари давлат солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиат­шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардид. Вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад, ки мақсаду маром ва ҳадаф баргузории он  танҳо як чиз аст: рушдбахшии истеъдоди ҷавонони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос.

Бо назардошти ин пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ пайваста мустаҳкам мегардад. Дар раванди таълим теъдоди зиёди воситаҳои техникӣ – иттилоотӣ ва дигар воситаҳои техникии ёрирасон истифода бурда мешаванд. Ин ҳама  имконият медиҳад, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар сатҳи зарурӣ тарҳрезӣ гарданд. Имсол мо 2 ҷашни бузургро таҷлил менамоем. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин ҷашнҳо, яъне 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ олимон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои иштироки фаъолона дар озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ омодагии ҳаматарафа мебинанд. Ҳамасола дар доираи ин озмунҳо 5-6 лоиҳаи хурди грантӣ иҷро карда мешаванд. Баҳри амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбиқи  «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ барои солҳои 2020-2040» тамоми донишу малакаи худро сафарбар менамоем.

Сипас, Анақулов М.М. - номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири кафедраи физикаи донишгоҳ дар мавзӯи  «Изменение вязкости водного раствора этиленгликоля 45 в зависимости от концентрации графитового порошка и температуры», Тағоев М.М. - номзади илмҳои кимиё, ассистенти кафедраи кимиёи донишгоҳ дар мавзӯи «Гудозиши маъдани боросиликатдоштаи ғанигардонидашуда бо сулфати натрий», Шарипов С.Р. – устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ дар мавзӯи «Концентрации элементарного и органического углерода в аэрозоле полуаридной зоны Таджикистана» ва Шукурзода С.Т. - омӯзгори кафедраи технологиям иттилоотӣ дар КАС-и донишгоҳ дар мавзӯи «Истифодабарии технологияҳои мултимедиявӣ ва телекоммуникатсионӣ дар рушди захираҳои электронӣ барои илми информатика» баромад карданд. Натиҷаи озмуни донишгоҳии  «Ихтироъкор ва навовари беҳтарини сол» миёни донишҷӯён ҷамъбаст гардид. Орзу Ҳафизов-донишҷӯи курси 3, факултети механиконии кишоварзӣ, Сомон Шокирзода-донишҷӯи курси 4, факултети агробизнес, соҳиби ҷойҳои якуму дуюм ва  Кишвар Чориев-донишҷӯи курси 3, факултети идораи замин ва геодезия, Муҳаммад Раҷабов-донишҷӯи курси 1, факултети гидромелиоративӣ соҳиби ҷойи сеюм гаштанд ва бо Ифтихорнома мушарраф шуданд. Иззатулло Луқмонов-донишҷӯи курси 3, факултети баҳисобгирӣ ва молия ғолиби озмуни Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ» гардида бо Ифтихорнома сазовор шуд. Дар ин озмун дар маҷмӯъ 25 нафар донишҷӯёни ихтироъкору навовар иштирок варзиданд. 20 нафар иштирокчӣ соҳиби Сипосномаи раёсати донишгоҳ гардиданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хирадмандона пешбинӣ кардаанд, ки ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Озмуни мазкур чун озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» хеле муҳиму саривақтӣ роҳандозӣ шудаанд. Ду озмуни қаблӣ як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Дар ҳақиқат баргузории ин ду озмун дар ҷумҳурӣ як таҳаввулоти ҷиддиеро дар бахшҳои фарҳангу ҳунар ба вуҷуд овард. чеҳраҳои нави ҷавони лаёқатмандро ифшо месозад ва онҳо дар пешбурди иқтисоди миллии мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Натиҷаи озмуни донишгоҳӣ исботи ин фикр аст, ки донишҷӯёни лаёқатманд  ба азхудкунии илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  рӯ оваранду аллакай нахустин шаҳди заҳматашонро чашиданд.

konferensiyai um uriyavii ilm nazariyav 1

konferensiyai um uriyavii ilm nazariyav 2

konferensiyai um uriyavii ilm nazariyav 3

konferensiyai um uriyavii ilm nazariyav 4

konferensiyai um uriyavii ilm nazariyav 5