Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Мизи мудаввар таҳти унвони «Баланд бардоштани мақоми бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ»

Санаи 5-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Баланд бардоштани мақоми бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба тарбия Самандаров И.Ҳ. кушода эълон намуданд. Пас аз сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия Самандаров И.Ҳ., сухан ба Исломзода Боғигул – намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дода шуд.

Таҳти унвони «История развития агрономического факультета» дотсенти кафедраи растанипарварӣ Рашидова Мунаввара, «Женщины лидеры Таджикистана» омӯзгори калони кафедраи ИСГМ Сафарова Рупия, «Роль женщин в современном обществе и развитии экономики Республики Таджикистан» омӯзгори кафедраи иқтисодиёти кишоварзӣ Расулова Замира, «Касалиҳои дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо» магистри соли аввал Бомулозода Шоҳсанам, «Ихтисоси ман - ояндаи ман» донишҷӯи курси 3-юми факултети агробизнес Мирзоева Заррина, «Пешравии бонувони Донишгоҳи аграрии Точикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар даврони Истиклол» донишҷӯи курси 2-юми факултети баҳисобгирӣ ва молия Замираи Қосимҷон, «Нақши занон дар замони соҳибистиқлолӣ» донишҷӯи курси 3-юми факултети зооинженерӣ Мирзоева Меҳрона ва «Социальные роли современной женщины в представлении студентов» донишҷӯи курси 4-уми факултети тибби ветеринарӣ Баҳодурова Мавлуда бо маърӯза дар назди устодону донишҷӯдухтарон баромад намуданд.

Дар рафти багузории мизи мудаввар намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати шаҳри Душанбе Саломова Манзура, намояндаи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии нохияи Исмоили Сомонӣ Қодирова Сайёҳат, намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Сайдализода Шоира ва 80 нафар устодону донишҷӯдухарон фаъолона иштирок карданд.

mizi mudavvar 1

mizi mudavvar 2

mizi mudavvar 3

mizi mudavvar 4

mizi mudavvar 5