Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Мизи мудаввар таҳти унвони «Конститутсия - санади тақдирсоз»

Бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми ноябри соли 2021 бо ташабусси кафедраи таърих ва ҳуқуқ дар донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони «Конститутсия - санади тақдирсоз» баргузор гардид.

Мизи мудавварро бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода У.М. кушода эълон намуданд.

Пас аз сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, сухан барои маърӯза намудан дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Конститутсия дар инкишофи давлатдории миллии тоҷикон» ба номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, омӯзгори калони кафедраи таърих ва ҳуқуқ Раҳимзода М.С. дода шуд.

Таҳти унвони «Мақоми Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ» ва «Конститутсия ифодагари манфиатҳои инсон ва шаҳрванд» омӯзгорони кафедраи таърих ва ҳуқуқ Амиршоев Ҷ.С. ва Мухторзода П.Ҷ. бо маърӯза дар назди устодону донишҷӯён баромад намуданд.

Дар рафти багузории мизи мудаввар 150 нафар устодону донишҷӯён фаъолона иштирок карданд.

mizi mudavvar 1

mizi mudavvar 2

mizi mudavvar 3

mizi mudavvar 4

mizi mudavvar 5

mizi mudavvar 6