Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ»

Дар таърихи 05 – уми апрели соли равон дар донишгоҳ бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Мизи мудавварро бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур муовини ректор оид ба тарбия, профессор Самандаров И.Ҳ. кушода эълон намуданд.

Пас аз сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия, профессор Самандаров И.Ҳ., сухан барои маърӯза таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстермизми байналмилалӣ» ба мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих, дотсентНеъмонов Б. дода шуд.

Дар кори мизи мудаввар профессору омӯзгорони кафедраи таърих ва ҳуқуқ Бобохонов М.Б., Амиршоев Ҷ.С., Фатҳуллоева Ш.С., Одинаев А.М. ва Мухторзода П.Ҷ. бо маърӯзаҳои зерини илмӣ дар назди устодону донишҷӯён баромад намуданд: «Нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои олӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ»; «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти конситутсионӣ»; «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари «Наврӯзи байналмилалӣ»; «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили об дар ҷаҳон» ва «Эмомалӣ Раҳмон – чеҳраи сулҳофар».

mizi mudavvar ta ti unvoni na shi peshvoi millat mu taram emomal ra mon dar ta kimi davlatdorii mill 1

mizi mudavvar ta ti unvoni na shi peshvoi millat mu taram emomal ra mon dar ta kimi davlatdorii mill 3

mizi mudavvar ta ti unvoni na shi peshvoi millat mu taram emomal ra mon dar ta kimi davlatdorii mill 2