Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Намоиш-фурӯши васеи китобҳои тозанашри «Хонаи дониш»

11-уми ноябри соли равон дар  пойгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур намоиш-фурӯши васеи китобҳои тозанашри «Хонаи дониш» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси китобхонаҳо ва рушди маънавиёти ҷомеа, ки дар Паёми анъанавии ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор мешаванд, гузаронида шуд. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ намоиш-фурӯши китобро бо шавқ тамошо карда, китобҳои дилхоҳашонро дастрас намуданд. Барои иштирокчиёни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дӯстдорони китоб баргузории ин гуна чорабинии фарҳангӣ бисёр муҳим аст, зеро онҳо китобҳои даркориашонро дастрас намуда, ба-дин васила махзани донишашонро ғанӣ мегардонанд.

Инчуни дар нимаи дуюми рӯз бо иштироки  муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор  Аҳмадов Баҳром Раҷабович дар китобхонаи электронии донишгоҳ барои  ташкил намудани тими олимпӣ, ҷиҳати тайёри ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва байни Муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани донишҷӯёни боистеъдод аз фанни забони рӯсӣ миёни 25 нафар донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ озмӯни гузаронида шуд.

namoish fur shi vasei kitob 1

namoish fur shi vasei kitob 2

namoish fur shi vasei kitob 3

namoish fur shi vasei kitob 4

namoish fur shi vasei kitob 3

namoish fur shi vasei kitob 5

namoish fur shi vasei kitob 6

namoish fur shi vasei kitob 7

namoish fur shi vasei kitob 8

namoish fur shi vasei kitob 9

namoish fur shi vasei kitob 10