Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фуруғи маърифат”

22-юми соли равон дар донишгоҳ даври ниҳоии озмуни донишгоҳӣ “Илм- фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Ректори донишгоҳ профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон( 26 декабри соли 2019) таъкид намуданд, ки масъалаи аз худ намудани донишҳои замонавӣ, пурзӯр кардани таълими фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар шароити кунунӣ хеле муҳим мебошад. Бо назардошти ин бо пешниҳоди Сарвари давлат солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиат­шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардид. Ҳамзамон Асосггузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маорифи мамлакат 18-уми марти соли 2020 иброз намуданд, ки: “Ҳар сол гузаронидани олимпиадаҳо ва озмунҳо оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ҳамаи сатҳҳо (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) ба ҳукми анъана даромадааст. Ин имконият фароҳам меоварад, ки ҷавонони лаёқатманд бештар ба азхудкунии илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ рӯ оваранд ва дар пешбурди иқтисоди миллии мамлакат ва амалисозии Ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беандоза гузоранд”. Дар ин замина ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯйи 7 номинатсия, аз он ҷумла математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор карда шавад ва он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 феврали солим 2021, таҳти №АП-44 баҳри амалишавӣ тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон аз тарафи Пешвои муаззами миллат баҳри ҳавасмандгардониву имтиёзҳо ба ғолибони озмуни мазкур пешниҳодҳо гардиданд.

Ин иқдоми хирадмандона моро вазифадор менамояд, ки фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшем. Бо ин мақсад дар донишгоҳ нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ барои солҳои 2020-2040» таҳия шудааст. Дар баробари дигар тадбирҳо аз тарафи раёсати донишгоҳ баҳри ҳавасмандсозии ғолибони олимпиада ва озмунҳо маблағҳо пешбинӣ гардидааст. Ғолибони имрӯзаи даври ниҳоии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” барои иштирок дар даври дуюми озмун, ки дар сатҳи ноҳия мегузарад, пешбарӣ карда мешаванд.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Аҳмадов Баҳром Раҷабович маърӯзаи илмӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мо донишу малакаи худро ба он равона месозем, ки дар иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ барои солҳои 2020-2040» саҳми муносиб гузорему пойгоҳи моддию техникиамонро боз ҳам қавӣ созем, ҳарчи бештар техникаю технологияи муосирро ба раванди таълим ворид намоем, то ки олимону донишҷӯёнамон аз онҳо самаранок истифода баранду тафаккури техникиашон баланд гардаду дар рушди илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ нақши хешро гузоранд. Дар даври ниҳоии озмуни донишгоҳии “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯйи 7 номинатсия 36 нафар донишҷӯи лаёқатманд иштирок доранд ва беҳтаринҳо пас аз ҷамъбасти натиҷаи комиссияи озмунӣ барои иштирок дар даври ноҳивӣ, ки он дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир мешавад, роҳхат мегиранд.

Даври ниҳоии даври ниҳоии озмуни донишгоҳии “Илм - фурӯғи маърифат” ҷолибу хотирмон гузашт. Натиҷаи озмун нишон дод, ки донишҷӯёни хушзавқу хушсалиқа дар донишгоҳ зиёданд ва ин гуна озмунҳо ба рушдбахшии истеъдоди ҷавонони лаёқатманду соҳибкасбу баландихтисос мусоидат менамоянд.

IMG 4544

IMG 4579

IMG 4570

IMG 4574