Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Роҳҳи асосии баланд бардоштани истифодаи воситаҳои техникӣ дар истеҳсолоти аграрӣ тавассути технологияҳои энергиясарфакунанда бо автоматикунонии идоракунии раванди корҳо

Дар таърихи 9- уми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо ташабуси раёсати илм ва инноватсия ва факултети механиконии кишоварзӣ Конференсияи байналмилалӣ илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Роҳҳи асосии баланд бардоштани истифодаи воситаҳои техникӣ дар истеҳсолоти аграрӣ тавассути технологияҳои энергиясарфакунанда бо автоматикунонии идоракунии раванди корҳо ” баргузор гардид.

Дар кори конференсия Зеваршои З.Т., -муовни Вазири кишоварзии Ҷумҳури Тоҷикистон, Нуралиев Ҷ. – директор ҶСШП – “Агротехсервис” шаҳри Ҳисор, Сафаров М. – н.и.т., дотсент, директори Марказӣ илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии АИКТ, Муминов Б.Н., - муовини аввали директори КВДҶ - "Тоҷикагролизинг" иштирок намуда, кори конференсия тибқи барнома баргузор гардид.

Конференсияи байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳи ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, узви АИКТ д.и.к., профессор Маҳмадёрзода У.М. оғоз намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамагон хуб медонем, ки саркарда аз соли 2007 - 2008 инҷониб бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон КВДҶ “ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ” таъсис дода шуд, ки ҳама намуд техника ва таҷҳизотҳои муосирро ворид намудааст. Дар 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон имрӯзҳо Марказҳои хизиматрасонии техникӣ мавҷуд аст, ки бевосита ба кишоварзони мо хизматрасониҳои техникӣ расонида истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки бори аввал аст, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин озмоишгоҳи канали хокӣ барои санҷиши мошинолотҳои кишоварзӣ, ки дар дарозии 37 метр ва бари фарогирии 4 м дар пойгоҳи факултети механиконии кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ба номи Ш.Шоҳтемур ташкил ва мавриди истифода қарор дода шуд. Озмоишгоҳи мазкур дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040”  ба истифода дода шуд.

Озмоишгоҳи канали хокӣ дар ду самти фаъолият мавриди истифода қарор дода мешавад: таълим, барои омӯзонидани донишҷӯён дар машғулиятҳои озмоишӣ (лобораторӣ) ва илмӣ-таҳқиқотӣ барои  иҷрои корҳои илмии унвонҷӯён, докторонтони PhD, магистрон ва дигар алоқамандони соҳа мебошад.

Дар озмоишгоҳи канали хокӣ танҳо мошинолотҳое, ки коркарди асосӣ, иловагии хок ва кишти зироатҳои кишоварзиро мегузаронанд, саҷиш карда мешаванд. Дар озмоишгоҳи мазкур зиёда аз 200 намуди корҳои санҷшиии кори мошинолотҳоро иҷро карда мункин аст.

Донишҷӯён дар рафти машғулиятҳои озмоишӣ дар озмоишгоҳи канали хокӣ корҳои зеринро иҷро карда метавонанд:

-омӯхтани сохти мошинолотҳо;

-тарзи агрегат кардани мошинолот бо трактор;

-танзими мошинолот бо қисми овезаи трактор ва дар чархои такякунандаи мошинолот;

-ҷобаҷогузории олотҳои кории мошинолотҳо дар асоси мошин;

-тарзи муайян намудани чуқурии шудгор;

-тарзи муайян намудани релефи майдон баъ аз коркарди хок;

-якхела ҷобаҷогузории позаҳои плуг вобаста ба маркази кашиши трактор;

-тарзи муайян намудани чуқурии кишт ва нуриҳои менералӣ тавасути тухмипошакҳо;

-ҳисоби меъёри кишт тавасути тухмипошакҳо;

-танзими тухмипошакҳо дар меъёрҳои гуногун;

-тарзи ҷобаҷогузории олотҳои кории култиваторҳо дар байни қаторҳои 60, 70 ва 90 см;

-тарзи ҷобаҷогузории олотҳои кории култиваторҳои коркарди байни қаторӣ дар минтақаи муҳофизатии растанӣ;

-тартиби пайвасткунии наварди ҳаракатгузарони мошинолот бо наварди ҳаракатдиҳандаи трактор (ВОМ);

-тарзи ҷобаҷогузории теғҳои мошинолти хокранда (фреза);

-тартиби муайян намудани сахтии замин тавасути асбоби сахтисанҷ ва ғайраҳо.

Инчунин  барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯён, докторонтони PhD, магистрон ва мавзуҳои  илмии лоиҳаҳои фармоишӣ, сарбории илмӣ-тадқиқотии кафедраҳои факултети механиконии кишоварзӣ: мошинҳо ва таҷҳизотҳои равандҳои технологӣ дар агроинженерӣ; хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳо; воситаҳои энергетикӣ ва бехатарии меҳнат; барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ; механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисӣ;  кафедраҳои факултети агрономӣ: растанипарварӣ; агрохимия ва хокшиносӣ; пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварӣ; кафедраҳои факултети гидромелиоративӣ: мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин; истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ ва кафедраи факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ: меваю сабзавот ва токпарварӣ  корҳои зеринро иҷро карда метавонанд:

-асосноксозии мушахассотҳои муносиб ва реҷаҳои кории мошинолотҳо;

-муайян намудани минтақаи муҳофизатӣ ва минтақаи коркардшавандаи мошинолот ;

-муайян намудани зичии хок ва майдашавии похсаҳо (кулухҳо) баъд аз кори агрегат

-муайян намудани устувории кори мошинолоти лоиҳавӣ4

            -тарзи мууайян намудани муқовимати кашиши агрегат;

            -тарзи муайя намудани вазни мошинолот;

            -ба танзим даровардани тухмипошакҳо дар меъёри кишт;

            -муйян кардани масофаи байни қаторҳо аз рӯйи талаботҳои агротехникӣ;

-муносибкунонии мошинолот бо трактор ва ғараҳо.

НАВОРИ ВИДЕОИ 

photo 2024 11 09 13 15 02

photo 2024 11 09 13 15 01

photo 2024 11 09 13 15 02 2

photo 2024 11 09 13 15 00

photo 2024 11 09 13 15 02 3

photo 2024 11 09 13 14 59

photo 2024 11 09 13 15 07

photo 2024 11 09 13 14 58 2

photo 2024 11 09 13 14 53

photo 2024 11 09 13 14 52

photo 2024 11 09 13 14 55