Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Рушди илмҳои бунёдӣ ба тафаккури баланди техникӣ марбут аст

29-уми апрел дар донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии олимони ҷавон, магистрантон, докторантон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Дастовардҳои муосир ва масъалаҳои актуалӣ дар муҷтамеи агросаноатӣ” баргузор шуд.

Аҳмадов Баҳром Раҷабович-муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор ба кори он оғоз бахшид.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ретори донишгоҳ, професор дар мавзӯи “Саҳми мутахассиси дорои тафаккури баланди техникӣ дар рушди илмҳои бунёдӣ”  маърӯзаи илмӣ намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки асоси таъмини амнияти озуқаворӣ ин дуруст ба роҳ мондани фаъолияти тамоми соҳаҳои КАС: аз парвариши растаниҳо ва ҳайвонот, то таъмини он бо воситаҳои истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои кишоварзӣ доимо масъалаи калидии низоми хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад. Новобаста аз муаммоҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ, айни замон  барои корхонаҳои кишоварзӣ давраи мутобиқшавии фаъолият ба муносибатҳои бозорӣ идома дошта, заминаҳо барои барқарорсозии имкониятҳои самаранокии истеҳсолот пайдо шуда истодаанд. Дар навбати худ, рақобати озод байни молистеҳсолкунандагон ба зиёдшавии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Бо дастгирии ҳамаҷонибаи давлат тайи солҳои охир дар мамлакат шумораи корхонаҳои хурду миёнаву бузурги саноатӣ афзуда ба зиёд гардидани маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуда истодааст.

11 октябри соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маърӯзаи илмӣ дар ҷашни 80-солагии донишгоҳ иброз доштанд, ки: «Амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад».  Дар ин масъала донишгоҳ то имрӯз ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст, ҷиҳати ба сӯйи рушди устувор қадамҳои қавӣ гузоштан бояд  мутахассисони дорои тафаккури баланди техникиро омода намоем, то онҳо тавонанд дар рушди илмҳои бунёдӣ, фаровонии маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва содироти онҳо саҳми арзанда гузоранд. Барои ин пойгоҳи мусоиди таълимиву илмӣ мавҷуд аст, ки бояд онро самаранок истифода барему баҳри  баланд гардидани дараҷаи тахассусии мутахассисону васеъ шудани ҷаҳонбинии онҳо ба равандҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои судманд андешем.

Жармаматова Мусалама - магистри курси 2 дар мавзӯи «Хусусиятҳои хос ва технологияии истеҳсоли сабзавотҳои сирконидашуда», Борисов Олег, донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 4, факултети тибби ветеринарӣ дар мавзӯи «Сроки прорезывания и возрастные изменение зубов у лошадей», Назаршоев Содиқёр, донишҷӯи курси 3, факултети иқтисодӣ дар мавзӯи «Пути привлечения инвестиций сельское хозяйство» баромад карданд.

Конференсия ҷолибу хотирмон гузашт.

Идомаи конференсия дар бахшҳои алоҳида сурат гирифт.

rushdi ilm oi bunjod ba tafakkuri balandi tekhnik marbut ast 1

rushdi ilm oi bunjod ba tafakkuri balandi tekhnik marbut ast 2

rushdi ilm oi bunjod ba tafakkuri balandi tekhnik marbut ast 3

rushdi ilm oi bunjod ba tafakkuri balandi tekhnik marbut ast 4

rushdi ilm oi bunjod ba tafakkuri balandi tekhnik marbut ast 5