Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Созмони Ҳамкории Шангхай дар рушди ҳамкориҳо нақши муҳим дорад

8-уми июни соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Созмонм Ҳамкории Шанхай ва фазои ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Аҳмадов Баҳром Раҷабович-муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор ба қонференсия ҳусни оғоз бахшида меҳмононро барои ташриф ва иштирок дар конфронси сатҳи байналмилалӣ хайрамақдам намуд.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори донишгоҳ, профессор сухани ифтитоҳӣ намуда дар мавзӯи «Созмони Ҳамкории Шангхай дар рушди ҳамкориҳо нақши муҳим дорад» маърӯза карда дар бораи Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ мухтасар маълумот дод. Ӯ аз ҷумла, қайд намуд, ки истиқлолияти комили давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангу маънавиёт мусоидат намуд, балки доираи муносибатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалиро низ рушду тақвият бахшид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз аз ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо созмонҳои байналмилаиву минтақавӣ тақвият бахшид, аз ҷумла аъзои  Созмони Ҳамкории Шанхай гардид.

26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони Чин, Руссия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон «Панҷгонаи Шанҳай» ба вуҷуд омад ва соли 2001 дар ин асос Созмони Ҳамкории Шанхай таъсис дода шуд. 16-17 сентябри соли равон дар пойтахти кишвари мо-шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор ва 20-солагии таъсисёбии СҲШ ҷашн гирифта мешавад. Алҳол 8 давлат ба ҳайати Созмони Ҳамкории Шанхай ворид шудаанд, ки инҳо Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Иштироки намояндаҳои давлатҳои нозири СҲШ Белоруссия, Афғонистон, Эрон ва Муғулистон ва шарикони мусоҳибавӣ Созмони Ҳамкории Шанхай Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри –Ланка дар назар аст.

Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. Фаъолияти СҲШ натанҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «дарҳои кушод» эълон намуданд, донишгоҳ низ дар ҳамин асос бо муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои хориҷӣ робитаҳои мустаҳками илмию таълимӣ барқарор кардааст. Донишгоҳ аъзои  5 ташкилоти байналмилалӣ мебошад:

  1. 1. Кумитаи Консорсионии донишгоҳҳои аграрии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ;
  2. 2. Шӯрои ректорони донишгоҳҳои пешбарандаи аграрии аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил;
  3. 3. Шабакаи донишгоҳҳои Авруосиё ва  Уқёнуси Ором,  UNINET;
  4. 4. Шӯрои ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Осиёи Марказӣ;
  5. 5. Алянси иттиҳоди муассисаҳои таҳсилоти олии кишоварзӣ ва илмӣ-тадқиқотии Роҳи абрешим.   

Моҳи майи соли 2019 донишгоҳ узви QS гашт, ки он ташкилоти  байналмилалии рейтингӣ аст ва 20 нафар олими донишгоҳ ба ҳайати коршиносони ин ташкилот ворид шуданд.

Донишгоҳ алҳол бо 136 муассисаи таҳсилоти олии касбии  24 давлати хориҷи дуру наздик ва 19 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла мубодилаи донишҷӯён, сафарбарии донишҷӯён ба магистратура, аспирантура, докторантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, хондани лексияҳои проблемавӣ, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои намунавии таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураи (PhD), ташкил намудани ихтисосҳои нав дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураи (PhD), коромӯзии омӯзгорон шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Таҷриба собит намудааст, ки дар бисёр ҳолат СҲШ ба сифати як иттиҳоде, ки метавонад маркази муҳимтарини ҳамгироии сиёсӣ ва ғоявӣ гардад баромад мекунад ва ба пешравии ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа мусоидат менамояд. Донишгоҳ низ ҳамкориҳояшро бо кишварҳои хориҷӣ пайваста мустаҳкам менамояд ва талош меварзад, ки ба ин васила тарзу услуби навини тарбияи мутахассисонро роҳандозӣ намояд.

Усмонзода Хайриддин Усмон-муовини раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ ва иттилоот, узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИҶТ, прфессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳ дар мавзӯи «Нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамкориҳои минтақа», Алейникова Елена Михайловна- профессори Донишгоҳи аграрии Воронежи Федератсияи Россия, доктори илмҳои биологӣ тавасссути онлайн дар мавзӯи«Интеграция системы науки и образования в рамках Шанхайской Организации Сотрудничества», Ахмедов  Раҳим- дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳали ДМТ дар мавзӯи «Экономическая трансформация Шанхайской Организации Сотрудничества: взгляд на Центрально-азиатские страны», Неъмонов Беҳрӯз- иудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ, номзади илмҳои таърих дар мавзӯи «Таърих ва ташаккули Созмони Ҳамкории Шанхай», Абдуев Хуршед-омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳ дар мавзӯи «Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун қутби нав дар низоми нави ҷаҳон» баромад карданд.

Аҳмадов Б. Р. кори конференсияи байналмилалиро ҷамъбаст намуда қайд кард, ки мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҷашни 20-солагии ин ниҳод 16-17 сентябри соли равон дар пойтахти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе доир мегардад. Баргузории чунин як конференсия дар остонаи баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ саривақтӣ буда, хеле ҷолибу хотирмон гузашт.

sozmoni amkorii shangkhaj 1

sozmoni amkorii shangkhaj 2

sozmoni amkorii shangkhaj 3

sozmoni amkorii shangkhaj 4

sozmoni amkorii shangkhaj 5

sozmoni amkorii shangkhaj 6

sozmoni amkorii shangkhaj 7