Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ОЛИҚАДР БА ДОНИШГОҲ

29-уми апрели соли равон ҷаноби Тсю Донгюй -директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба донишгоҳ ташриф овард. Ӯро ҷаноби Годфри Магвенси-ёвари директори генералии СОК (ФАО), ҷаноби Виорел Гуту-ёвари директори генералии СОК оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҷаноби Владимир Рахманин-мушовири директори генералии СОК, хонум Наталя Меркушева-ҳамоҳангсози Дафтари директори генералии СОК, ҷаноби Шен Ҳонг- ёрдамчии шахсии директори генералии СОК, ҷаноби Агаси Арутюнян- иҷрокунандаи вазифаи намояндагии СОК дар Тоҷикистон ва Нигина Анварӣ-муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.

Меҳмононро раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии ректор, профессор, Маҳмадёрзода Усмон Маъмур бо нону намак ва гулдаста истиқбол гирифтанд.

Меҳмонон аз гармхонаҳои муосир, ки тавассути шарикони ҳамкор-Ташкилоти байналхалқии ТICA -и давлати Туркия ва Ассосиатсияи ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бунёд шудаанд, дидан намуданд. Ҳолати кунунии гармхонаҳо ва ҳосилбандии сабзавоти парваришшаванда мақбули эшон гардид.

Осорхонаи донишгоҳ, ки баёнгари таърихи дирӯзи имрӯзи донишгоҳ аст, ба меҳмонон хеле писанд омад. Онҳо ҳар як лавҳа, ҷоизаҳои донишгоҳ, дастовардҳои факултетҳо дар давраи 94 соли фаъолияти донишгоҳ, гӯшаҳои сайёҳии кишоварзӣ, гӯсфанди овозадори ҳисорӣ ва дигар зотҳои чорворо, ки дар шакли муляж омода гардидаанд, ҳусни таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб сохт.

Дар толори бузурги фарҳангии донишгоҳ, ки аз омӯгорон ва донишҷӯёни либосҳои миллии тоҷикӣ пӯшида пур буд, вохӯрии судманд баргузор гардид. Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ меҳмононро хайрамақдам намуда, роҷеъ ба робитаҳои байналмилалӣ ва таърихи пурғановати донишгоҳ, ки яке аз нахустин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар Тоҷикистон мебошад, мухтасар ибрози назар намуд.

Чу Донюй дар суханрониаш аз истиқболи гарму ҷӯшони аҳли донишгоҳ ва мулоқоти самимӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, пешниҳод кард, ки оянда ҳамкориҳо бо ин донишгоҳи такягоҳӣ боз ҳам қавӣ хоҳад шуд. Дар суханронии худ ба ҷавонону донишҷӯён ва аҳли ҳайати профессорону омӯзгорон муроҷиат намуд, ки дастуру супоришҳои сиёсатмадори бузурги давру замон, Пешвои муаззами тоҷикони олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ созеду ватанатонро сидқан дӯст доред, дастоварҳои кишваратонро ҳифз намоед, таъриху забонатонро пос доред, илм омӯхта, забонҳои зиёдро аз худ намоед.

Пас аз анҷоми вохӯрии пурмуҳтаво меҳмонон аз гулгашти “Чеҳраҳои мондагори донишгоҳ” дидан карданду дар боғи пурнакҳату чаманзор ва дарахтзори ғании дорои дарахтони гуногуни сафовахш “Дарахти дӯстӣ” шинониданд ва расми хотиравӣ гирифтанд.

Сарвари донишгоҳ муҳтарам Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба меҳмонони туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд, ки аз ҷониби онҳо хуб қабул карда шуд.

2 edited

5 edited

6 edited

10 edited

18 edited

26 edited

30 edited