Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Технологияи парвариши инноватсионӣ ва мутобиқкунии навъҳои  зироатҳо

27-уми майи соли равон дар пойгоҳи Корхонаи воҳиди таълимиву таҷрибавии «Ҳисор»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки дар шаҳри Ҳисор воқеъ аст семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати киштзорҳои навъҳои интродуксияшудаи гандум дар шароити водии Ҳисор»  бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Азизов Ҷ.Р.-сардори Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ ВК ҶТ, Бегов Н.Ғ.- сардори КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон», Қодиров А.Ғ.-сардори МД сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ, Сафаров Р.Н.-директори хоҷагии “Зироаткор”-и АИКТ ва мутасаддиёни бахши кишоварзӣ аз шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид. Он дар бахшҳои назариявӣ ва амалӣ сурат гирифт.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, профессор ба семинар ҳусни ифтитоҳ бахшид. Каримзода Саъдӣ Ғаффор-муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҷеъ ба мақсаду мароми баргузории семинар маълумот дод.

Дар қисмати назариявӣ Ҷабборов Т.Ҷ.-дотсенти кафедраи растанипарварии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, номзади илмҳои кишоварзӣ дар мавзӯи “Технологияи парвариши гандуми тирамоҳӣ дар шароити иқлимии водии Ҳисор», Абдуллоев Д. А.- омӯзгори калони кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дар мавзӯи “Самаранокии иқтисодии истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ (дар мисоли маводҳои вилояти Суғд) баромад карданд. Дар атрофи баромадҳо баҳсу мунозираи доманадор сурат гирифт.

Иштирокчиён бо раванди парваришу нигоҳубини гандуми интродуксияшудаи тирамоҳии навъҳои  “Московский - 39”, “Московский - 56” ва “Мироновский - 808”, пахтаи миёнанахи навъи “Султонӣ” (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ҷуворимакка барои дон, лаблабӯ, 5 навъи ангур, картошка ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ  шинос шуданд. Ҳамзамон аз           2 гармхонаи озмоишгоҳи “Кишоварз” дидан карданд. Қитъаи дарахтони ороишӣ ва қитъаи такпайвандҳои дарахтони мевадиҳандаи маҳаллӣ иборат аз 1200 адад ва бо теъдоди 400 адад қитъаи такпайвандҳои модарӣ ташкил гардидааст, ки штирокчиён бо рафти нигоҳубини ин зироатҳо ошно шуданд.

Сипас,  дар бахши амалии семинар Ахмедов Т.А.-профессори кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, Набиев Т.Н.- профессори кафедраи растанипарварӣ, Шарифов А.Р. – корманди Институти зироаткории АИКТ, номзади илмҳои кишоварзии АИКТ, Нарзуллоев Т.С.-мудири шуъбаи Институти зироаткории АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ ва Ҳайдаров З. Ё.-дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур  баромад карданд. Онҳо ба раванди нигоҳубину парвариши зироатҳо гандуми интроксияшудаи тирамоҳии навъҳои  “Московский - 39”, “Московский - 56” ва “Мироновский - 808” ва дигар зироатҳо баҳои баланд доданд.

Семинари илмӣ-амалӣ дар сатҳи баланд гузашт. Иштирокчиён аз рафти он қаноатманд гашта, иброз доштанд, ки чунин раванди корро дар қитъаҳои вобастабудаашон тадбиқ месозанд.

 1

0 2

0 3

0 4

0 5

0 6

0 7

0 8

0 9

0 10

0 11

0 12

0 13

0 14

0 15

0 16

0 17

0 18

0 19

0 20

0 21

0 22

0 23

0 24

0 25

0 26

0 27

0 28

0 29

0 30

0 31

0 32