Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Вохӯрии хатмкунандагони донишгоҳ бо намояндагони «Алиф-Бонк»

Дар санаи  03.11.2021с. дар толори факултети агробизнес вохӯрии хатмкунандагони донишгоҳ  бо намояндагони «Алиф-Бонк» баргузор гардид. Ин чорабиниро муовини ректор оид ба таълим Бобозода Ш.Қ. ҳусни ифтитоҳ бахшида, намояндагонро бо ҳозирин шинос намуданд. Баъдан намояндагони бонки мазкур Исоева Гулчеҳра – мудири шуъбаи идоракунии фосилавии бонк ва Дустова Майрам- мутахассиси шуъбаи кадрии бонк оид ба мавзӯи «Фарҳанг ва арзишҳои Бонки Алиф» маърӯза карда, хатмкунандагонро  бо таърих ва вазифаҳои холиии (вакансия) дар бонкбуда шинос намуданд.

4

2

3

1

Дар охири ҷаласа намояндагони  бонк ба пурсишҳо посухҳои муфассал доданд. Инчунин ба ҳозирин маълумотномаҳои бонк тақсим карда шуд.