Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ

 

ШАКАРОВ Нодирҷон Ҷамшедович-Директори маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ

 

Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ ҳамчун воҳиди сохтори Донишгоҳ бо мақсади  иҷрои фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №92 3 аз 04.09.2007 дар бораи “Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ”  ва  фармони ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур №82 аз 28.09.2012 дар заминаи Маркази таълимии инноватсионии Донишгоҳ “Офиси бақайдгирӣ ва машваратӣ” ташкил карда шуд. Оид ба ворид намудани тағийрот ба сохтори Донишгоҳ бо Қарори Шурои олимон Донишгоҳ аз 27-майи соли 2017 ба “Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ” табдил ёфт.

Маркази бақайдгирӣ ва машваратии Донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомнома оид ба низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи факултетҳои муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Низомномаи кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Донишгоҳ,  Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳ  ба роҳ мемонад.

Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ ҳамчун воҳиди сохтори Донишгоҳ фаъолияти донишҷӯёнро дар низоми кредитии таҳсилот ба қайд мегирад ва натиҷаҳои дастовардҳои онҳоро барои таҳлил ва баррасӣ ба  раёсати таълим ва маркази тестӣ  пешниҳод менамояд.

Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ айни замон дорои воҳидҳои кории зерин мебошад;

Шакаров Нодирҷон Ҷамшедович-директори марказ

Қобилҷони Мирзомурод- мутахасси пешбар

Сагдиева Шаҳризода- мутахасси пешбар

Насриддинов Қамариддин- мутахасси пешбар

Қодиров Бузургмеҳр - мутахасси пешбар

Тӯли солҳои фаъолияташ роҳбарии марказро шахсони зерин ба ӯҳда доштанд: Исломов Ғафурҷон Ҳокимович (2009-2012), Юсупов Фарухшо Сайвалиевич (2012-2015) ва аз моҳи майи соли 2015 то ҳол Шакаров Нодирҷон Ҷамшедович.