Маркази тестии донишгоҳ
ЮСУФЗОДА Фарух Сайвалӣ-Директори Маркази тестӣ
Бо мақсади иҷрои фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №923 аз 04.09.2007 дар бораи гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва муташаккилона ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои донишҷӯёни таҳсили рӯзонаю ғоибона дар асоси қарори Шӯрои илмии донишгоҳ аз 31.10.2008 бо фармони №86 аз 1-ноябри соли 2008 Маркази баҳодиҳии сатҳи дониши донишҷӯён ташкил шуд.
Дар асоси Низомномаи таҳсилоти кредитии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани раванди таълиму таҳсил тибқи суратҷаласаи №6-и Шӯрои илмии донишгоҳ аз 27.12.2013 Маркази баҳодиҳии сатҳи дониши донишҷӯён бо шуъбаи ахбору аналитикӣ якҷоя карда шуд ва аз 02.01.2014 номи шуъбаи назорати сифати таҳсил ва баҳодиҳии сатҳи донишро гирифт.
27-майи соли 2017 бо Қарори Шӯрои олимони ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур шуъбаи назорати сифати таҳсил ва баҳодиҳии сатҳи дониш ба Маркази тестии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур табдил дода шуд.
Маркази тестӣ ҳамчун сохтори таркибии донишгоҳ бо мақсади коркард ва таъмини маҷмӯаи супоришҳои тестӣ, татбиқи мониторинги раванди таълим тавассути қабули имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва 2) ва ҷамъбастӣ бо фармоиши ректор дар асоси қарори Шӯрои олимон таъсис дода шуда, барои рушди минбаъдаи сифати тайёр кардани кадрҳои дар бозори дохилӣ ва берунаи меҳнат рақобатпазир ва ташаккули системаи самараноки идоракунии сифати тайёр намудани мутахассисон таъсис дода шудааст.
Фаъолияти маркази тестӣ дар донишгоҳ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон, ворид кардани усулҳои муосир ва тағйироти сифатию миқдорӣ дар раванди ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ, муайян намудани роҳҳои нави таҳлили сифати раванди таълим ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти маркази тестӣ барои ҳалли масъалаҳои зерин равона гардидааст:
-ташкили захираҳои махзан (фонд)-и супоршҳои тестӣ барои муайян намудани дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо аз ҷониби донишҷӯён ва татбиқи мониторинги сифати таҳсилот тавассути қабули имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва 2) ва ҷамъбастӣ;
-такмили маҷмӯи супоришҳои тестӣ ва қабули имтиҳонҳо бо усулҳои муосир (бо истифода аз воситаҳои технологияи иттилоотӣ);
-мониторинг ва муайян намудани усулҳои муосири таълим, мутобиқати баҳогузорӣ ба мазмуну мунтариҷаи маҷмӯи супоришҳои тестӣ бо барномаҳои кории фан (силлабус) ;
-баҳогузорӣ ба сатҳи дониши донишҷӯён вобаста ба талаботи ҳадди ақали Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва гузаронидани мониторинги натиҷаи баҳогузории барномаҳои кории фан (силлабус) ;
-гузаронидани семинару тренингҳо бо омӯзгорон ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти дар таҳияи супоришҳои тестӣ ва таҳлили натиҷаҳои имтиҳон ҷойдошта;
-ташкили таълим ва машварат ба омӯзгорон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таҳияи намудҳои гуногуни тест (кушода, пӯшида ва мувофиқат) бо истифода аз воситаҳои технологияи иттилоотии муосир;
-татбиқи низоми тестӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
-омодасозии маводи дастурӣ ва методӣ барои гузаронидани имтиҳонҳо бо истифода аз воситаҳои технологияи иттилоотии муосир;
-ташкили чорабиниҳо оид ба таҳия ва тасдиқи нақшаи кории низоми тестӣ дар донишгоҳ: машғулиятҳои дарсӣ, машварат, конференсия, семинарҳо, курсҳо, табодули таҷриба ва ғ;
-татбиқи қабули имтиҳонҳо бо усули тестӣ дар раванди таълим бо мақсади назорати сатҳи дониши донишҷӯён (назорати марҳилавӣ) ва назорати берунӣ (назорати ниҳоӣ);
-таъсиси махзани барномаҳои тестӣ;
-таъмини дастрасии ягона ба ҳама гуна захираҳои маълумот мувофиқи салоҳият;
-таҳлили сифати тайёр намудани дараҷаҳои гуногуни таълимгирандагон (шунавандагони шуъбаи тайёрӣ, довталабон, донишҷӯён, хатмкунандагон) дар шакли гузаронидани аттестатсияи дохилшавӣ, ҷорӣ, фосилавӣ, ҷамъбастӣ ва ниҳоӣ;
-расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон ҷиҳати коркарди низоми баҳогузорӣ ба сатҳи воқеии дониши донишҷӯён;
гузаронидани таҳлили фании натиҷаи имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва 2) ва ҷамъбастии донишҷӯён;
-пешниҳоди масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ ва Ҷаласаи раёсати донишгоҳ;
-таъмини омодасозии гурӯҳи экспертҳо ва гузаронидани таҳлилҳои дохилии низоми сифат;
-омодасозии маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ оид ба масъалаҳои сифати таълим, гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати дастрасии мавод ба сохторҳои марбута.
МАҲЗАНИ ТЕСТҲО