Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Шуъбаи назорати сифати таҳсилот

Islomov G
 

Исломов Ғафур Ҳокимович - мудири  шуъбаи назорати  сифати таҳсилот

Шуъбаи назорати сифати таҳсилот, ҷузъи таркибии қисми таълими донишгоҳ маҳсуб ёфта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати ягонаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси муҷтамеи агросаноатӣ, мониторингу баҳогузорӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти донишҷӯён, омӯзгорон, кафедра ва факултетҳои донишгоҳ таъсис дода шудааст.

Шуъбаи назорати сифати таҳсилот таҳлили экспертии силлабус (барномаҳои корӣ),  курсҳои  мухтасари  лексияҳои фаннӣ, ҷадвали дарсӣ, санҷиши сифати машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, озмоишгоҳӣ, кори мустақилона таҳти роҳбарии омузгор, ҳолати баҳогузории донишҳои касбӣ ва ғайраро гузаронида, ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълим ба раёсати донишгоҳ таклиф пешниҳод менамояд.

Ташкили назорат, таҳлил ва муайян намудани дурнамои беҳдошти сифати тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир вазифаи дигари шуъбаи назорати сифати таҳсилот буда, идоракунии сифати таҳсилот дар шакли мониторинги низоми сифати тайёр намудани мутахассисон, мониторинги баҳои сифати дарси омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ, рейтинги ҳайати профессорону омузгорони (ҲПО) донишгоҳ ва муайян намудани масъалаҳо доир ба баланд бардоштани сифати таҳсилот алоқаманд, амалӣ карда мешавад.

Мониторинги сифати таҳсилот ҳамчун низоми доимии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилоот оид ба таҳсилот ва қисмҳои алоҳидаи он, бо мақсади таъмини беҳдошти раванди идоракунии таълим равона карда шуда, дар асоси он ҳолати таҳсилот дар донишгоҳ баҳогузорӣ карда шуда, дурнамои инкишофи он тарҳрезӣ карда мешавад.

ҲПО донишгоҳ ба вазифаи ассистент, омӯзгори калон, дотсент ва профессор дар асоси таҳлил ва баҳодиҳии сифати дарси лексионӣ ва машғулиятҳои амалӣ, ки аз тарафи шуъбаи назорати сифати таҳсилот гузаронида мешавад, тавсия ва интихоб карда мешаванд.

Бахши идоракунии сифати таҳсилот бо фармоиши ректори донишгоҳ (№3а, аз 14.01.2017) таъсис, ва аз соли 2026 (бо қарори Шурои олимони донишгоҳ №11, аз 30.04.2026) ба Шуъбаи назорати сифати таҳсилот, табдил дода шудааст. Фаъолияти он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи МД “Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур” ва Низомнома, ки аз тарафи Шӯрои олимони ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

Вазифаи мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот (ҳоло шуъба)-ро дар солҳои гуногун Ҷабборов Т.Ҷ. – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент (2017-2019), Ҳайдаров З.Ё. - номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент (2019-2022) ба уҳда дошта, аз соли 2022 то инҷониб вазифаи мазкурро - Исломов Ғафур Ҳакимович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент иҷро намуда истодааст.

Аз оғози фаъолияти шуъбаи назорати сифати таҳсилот дар ҳайати он профессорону омузгорони пуртаҷрибаи донишгоҳ фаоълият намудаанд, аз он ҷумла, Кароматуллоев Э.С., дотсентон Шукуров И.Ш., Ҷабборов Т.Ҷ., Ҳайдаров З.Ё., Исломов Ғ.Ҳ., Кабиров Н.Ш., Амиров Н.Р., Соатов С.С., Раҳматов А.Ҳ., Хоҷаев М.Ҷ.  ва дигарон.