Шуъбаи таълимию методии донишгоҳ
САИДОВ Мирзохуҷа Саъдуллоевич-мудири шуъбаи таълимию методии донишгоҳ
Ташкили раванди таълим, низоми тайёр намудани мутахассисони баландпояи кишоварзӣ дар солҳои аввали таъсисёбии донишгоҳ аз рӯйи низоми таҳсили бефосилаи истеҳсолӣ, ки 50%- и вақти таълимӣ ба он ҷудо ва асоснок карда шуда буд. Азнавсозии раванди таълим дар солҳои ҶБВ бо сабаби шумораи зиёди омӯзгорон ва донишҷӯён, ихтиёран ба ҷанг рафтани онҳо алоқаманд буд. Таҳсили донишҷӯён аз рӯйи нақшаи ихтисоршудаи таълим низ бо сабаби ҷанг ҷорӣ шуда буд.
Дар солҳои баъдиҷангӣ донишгоҳ аз нарасидани омӯзгорон ва синфхонаҳои таълимӣ танқисӣ мекашид, зеро омӯзгорони дар солҳои ҷанг ба донишгоҳ омада, аз нав ба мактабҳои олии хеш баргаштанд. Дар солҳои минбаъда яке аз чорабиниҳое, ки ба беҳтар намудани сифати дарсгузаронӣ таъсир расонид, ин даъват намудани олимони машҳури донишгоҳҳои марказ ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои 70 - уми асри сипаришуда ташкили раванди таълим дар шароити душвор мегузашт, зеро дар ҳамаи факултетҳо таҳсил ба забони русӣ гузаронида мешуд.
Пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ мақому манзалати хоссае ба даст овард, махсусан дар солҳои охир миқдори ихтисосҳо ба 51 адад расид.
Донишҷӯён дар солҳои таҳсил дар донишгоҳ дониши баланди назариявӣ ва амалии асосҳои кишоварзӣ, иқтисодӣ, биологӣ ва техникӣ ба даст оварда ба комёбиҳои пешқадами илм, техника, технология ва таҷрибаҳои кишоварзӣ шинос мешаванд.
Такмили устуворонаи раванди таълимӣ- тарбиявӣ барои тайёр намудани мутахассисоне, ки дониши баланди назариявӣ, тахассусӣ, фаъолияти эҷодӣ, ташкилотчигӣ ва ҷавобгӯи талаботи иқтисоди бозоргонӣ мебошанд, равона карда шудааст.
Дар солҳои гуногун дар вазифаи мудири шуъбаи таълимию методии донишгоҳ омӯзгорони зерин кор кардаанд: Исроилов Уриел Раҳмонович (1960-1964), Леоненко Михаил Федорович (1964-1973), Валиева Тамара Дмитриевна (1974-1983), Пятаков Анатолий Федорович (1983-1988), Мадаминов Абдураҳим Асрорович (1988-1990), Мамадқулов Муқим (1990-1993), Камолов Мелс Мирзоевич (1993-1999), Исмоилов Мақсадулло Исроилович (1999-2003), Саидов Саидҷамол (2003-2004), Мирзоев Бобоҷон (2004-2011), Исмоилов Мақсадулло Исроилович (2011-2020), Саидов Мирзохӯҷа ( аз соли 2020 инҷониб).
Кормандони шуъбаи таълим барои тайёр намудани мутахассисони баландпоя саҳми арзанда мегузоранд. Солҳои зиёд дар ин раванд методистҳо Салимова О., Игамбердиева С., Муратова Н., Ризоева Г., Исматова Р., Сагдиева Г.М., Алишоева М., Носирова Н., Холова Н., Меликова Ф., Ҳалимова Ҷ., Назаров М., Назаров С., Ҷумазода М. ва дигарон фаъолият намудаанд. Айни замон, мутахассисони шуъба Маҳмадова Г.Ю., Каримова Ш.А., Тоиров Ҳ.И., Насимова У.Н., Ғаниева Г.Э. барои пешбурди раванди таълим кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.