Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо
ҚУРБОНЗОДА Аваз Хол-сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо, бахши басо масъули сохтори таълимгоҳ ба ҳисоб рафта, дар асоси Низомномаи он амал менамояд. Шуъба дар фаъолияти худ меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, фармону фармоишҳои ректори донишгоҳро ба роҳбарӣ гирифта, мавриди иҷро қарор медиҳад.
Он дар ҷалби кадрҳои идоракунӣ, маъмурӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ҳамарӯза саҳмгузор аст. Ҳамзамон шуъба дар мустаҳкам намудани интизоми меҳнат ва риояи қонунгузорӣ дар ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаҳд менамояд. Роҳбарии шуъбаро Ховренко Л.Н. солҳои 1995-2015, Тағоева М.А. солҳои 2015-2021, солҳои -2021-2024 Абдуҳалимзода Н.А. ба зимма доштан. Аз 24.09.2024, то ҳоло Қурбонзода А.Х. ба уҳда дорад.