Раёсати таълим ва мониторинги сифат
ИСМОИЛОВ Махсатулло Исроилович,
сардори раёсати таълим ва мониторинги сифат, доктори илмҳои биологӣ, профессор
Дар соли таҳсили 2017 -2018 дар сохтори донишгоҳ тағйирот ворид карда, раёсати таълим ва мониторинги сифат таъсис дода шуд. Ин тағйирот ба Оинномаи донишгоҳ ворид карда шуда, Оиннома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 01 августи соли 2018 таҳти рақами 376 тасдиқ гардидааст.
Аз давраи таъсисёбии раёсати таълим ва мониторинги сифат (январи соли 2018) роҳбарии онро д.и.б., профессор Исмоилов М.И. ба уҳда дорад.
Дар сохтори раёсати таълим ва мониторинги сифат шуъбаи таълиму методӣ (сардораш Саидов М.С.), шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон (сардораш Сагдиева Г.М.), шуъбаи роҳнамои касбӣ ва тайёрӣ ба мактаби олӣ, бахши аналитикӣ-иттилоотӣ (мудири бахш Юсуфзода Ф.С.), маркази бақайдгирӣ ва машаваратӣ (директораш Шакаров Н.Ҷ.) ва бахши идоракунии сифати таҳсилот (мудири бахш Ҳайдаров З.Ё.) фаъолият менамоянд.
Раванди иҷрои корҳои таълимию методиро дар донишгоҳ раёсати таълим ва мониторинги сифат тавассути банақшагирӣ, ташкил, мони-торинг, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълим ва назорати сифати таълим ба роҳ мемонад.
Фаъолияти раёсати таълим барои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳуриявии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, ки мазмуну мундариҷаи ҷараёни сифати таълимро инъикос менамояд, нигаронида шудааст.
Ҷараёни таҳсил дар шуъбаи рӯзона аз рӯи дараҷаи бакалавриат (чорсола) ва барои ихтисосҳои ҳамгиро 5-сол, мутахассис (панҷсола), магистратура (2 сола) ва доктор PhD аз рӯйи ихтисос (3 сола) тибқи низоми таҳсилоти кредитӣ сурат мегирад. Дар шуъбаи ғоибона дониш-ҷӯён ба таври анъанавӣ ҳамчун мутахассис (курсҳои 4-6), курси 3 тибқи низоми кредитӣ ва курсҳои 1-2 дар шакли таҳсилоти фосилавӣ (дар соли таҳсили 2018- 2019) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Муайян кардани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, таҳияи таснифоти номгӯи тахассусҳо, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои кори таълим, ҷадвалҳои раванди таълим, хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаи сессияҳои санҷишу имтиҳон ва аттестатсияи хатм, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитию фосилавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ва омӯзгорӣ барои магистрон самтҳои афзалиятноки кори раёсат ва шуъбаи таълимро ташкил медиҳад.
Шӯрои илмию методӣ ба ҳайати худ омӯзгорону донишмандони навҷӯю соҳибтаҷрибаро гирд оварда, дар ҳамоҳангӣ бо раёсати таълим ҷараёни таълим ва сифату самаранокии онро бо таъмини методии раванди машғулиятҳои дарсӣ, ҳамвора мавриди муҳокима қарор медиҳад. Барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо), дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсии донишгоҳӣ баъд аз баррасию тавсияи ин Шӯро интишор мешаванд. Дар доираи корҳои Шӯрои илмию методӣ ва талаботҳои низомномаҳои нави тасдиқгардида раёсати таълим ва зерсохторҳои он дар ҳамкорӣ бо садорати факултетҳо тайи солҳои охир якчанд маротиба лоиҳаи «Талаботи ҳадди аққали мазмуну мундариҷаи Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ оид ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ», нақшаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзона, ғоибона, таҳсилоти фосилавӣ, таҳсилоти дуюми олии касбӣ, нақшаҳои таълимии дараҷаҳои академии бакалавр, мутахассис, магис-тратура ва доктор PhD аз рӯйи ихтисос таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқ карда шуданд.
Раёсати таълим дар соли таҳсили 2021-2022 дар 51 кафедраи амалкунанда бо 450 нафар омӯзгорони штатӣ, ки аз он 7 нафар академики АИКТ, 3 нафар узви вобастаи АМИТ ва 5 нафар узви вобастаи АИКТ, 48 нафар доктори илм, 54 нафар профессор, 151 нафар номзади илм мебошанд, ҳамкорӣ намуда, раванди баргузории машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, озмоишгоҳӣ, КМРО ва таҷрибаомӯзиҳоро ташкил ва назорат менамояд.
Мувофиқи замимаи Иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ (АУ №0002271) то 05.05. соли 2022 (аз 05.05.2017, №2875) донишгоҳ то моҳи сентябри соли 2021 аз рӯйи 46 ихтисоси бакалавр (3 ихтисоси нав – 1-74060302-Бехатариии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот, 1-74020306-Пешгӯӣ ва огоҳии организмҳои заррарасон ва 1-74020101- Марғзорпарварӣ (чарогоҳ-парварӣ)), 35 ихтисоси магистр (2 ихтисоси нав – 74020101-Марғзорпарварӣ (чарогоҳпарварӣ) ва 1-75010101-Илми ҷангалпарварӣ ва ҷангалпарварӣ), 27 ихтисоси доктор PhD, 13 ихтисоси докторантура мутахассисонро омода менамуд. Дар соли таҳсили 2021 – 2022 ба 5 ихтисоси нав (дендрология, кадастри замин, агротуризм, логистика, омори кишоварзӣ) довталабон барои таҳсил ба сафи донишҷӯёни соли аввал қабул карда шуда, ҳамзамон дар асоси аризаи пешниҳоднамудаи раёсати донишгоҳ ва дигар ҳуҷҷатҳои пешбурди фаъолият, санҷиши мавҷудияти пояи моддию техникӣ, мувофиқ будани ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва дигар омилҳои имконият-диҳанда аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба замимаи Иҷозатномаи АУ №0002271 аз 02.08 соли 2021 тағийирот ворид карда шуда, барои пешбурди фаъолият аз рӯйи 53 ихтисос иҷозат дода шудааст, ки барои дутои онҳо (энтомология ва харгӯшпарварӣ) аз соли нави таҳсили 2022 – 2023 довталабон қабул карда мешаванд.
Дар гузаштан аз таҳсилоти анъанавӣ ба низоми кредитии таҳсилот нақши раёсати таълим ва зерсохторҳои вай назаррас аст.
Дар асоси фармони Вазорати маорифи ҶТ № 923 аз 04.07.2007 дар бораи "Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ" ва бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ (суратҷаласаи № 1 аз 28.09.с.20007) аз с/х 2006-2007 ихтисоси 25010715 (0620) - "Идоракунӣ дар КАС" пурра ба низоми кредитии таҳсилот (НКТ) гузаронида шуд.
Дар аввали соли таҳсили 2021 -2022 аз тарафи қисми таълим ва садорати факултетҳо нақшаҳои таълимии типи нав аз рӯйи модулҳо барои 51 ихтисоси роиҷи донишгоҳ таҳия гардида, аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии методии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, барои тасдиқ ба Вазорати мазкур пешниҳод гардид.
Донишгоҳ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №254 аз 29.04.2009 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ва фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №923 аз 04.07.2007 дар бораи «Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ” дар соли хониши 2011-2012 бо назардошти пойгоҳи моддӣ - техникии донишгоҳ ва ҳуввияти миллии донишҷӯён низоми таҳсилоти кредитии хосро барои тамоми ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ роҳандозӣ намуд. Ҳоло тамоми курсҳои таҳсили рӯзона ва курсҳои 1-4 таҳсили фосилавӣ ба пуррагӣ тибқи низоми кредитӣ таҳсил менамоянд.
Ҳамасола,раёсати таълим бо дастгирии раёсати донишгоҳ барои устодон курсҳои омӯзишӣ оид ба раванди амалишавии низоми таҳсилоти кредитӣ, низоми таҳсилоти фосилавӣ, азбар намудани технологияи иттилоотӣ ва доскаи электронӣ, ба танзим даровардани ҳуҷҷатгузориҳо ва азхудкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқии раванди таълим гузаронида мешавад. Боварӣ дорем, ки ин силсила омӯзишҳои гузаронида шуда ба амалишавии низоми таҳсилоти кредитӣ, низоми таҳсилоти фосилавӣ, баланд шудани сифати таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён дар донишгоҳ мусоидат хоҳад намуд.
Таҳсил дар донишгоҳ дар шакли рӯзона ва фосилавӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷараён дорад. Вобаста ба эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқи кишвар ва фармоишҳои давлатӣ теъдоди донишҷӯён зиёд гардида, ихтисосҳо ва тахассусҳои нав, ки талаботи бозори меҳнатро қонеъ мегардонанд, кушода мешаванд. Дар соли таҳсили 2021-2022 теъдоди донишҷӯён зиёда аз 9000 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 6250 нафар шартномавӣ, 2750 нафар буҷавӣ буда, аз ин 594 нафар духтарон ва 364 нафар шаҳрвандони хориҷа дар ҳамаи зинаҳои таҳсил ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар соли таҳсили 2021 -2022 дар зинаи магистратура 152 магистр ва дар зинаи докторантура 45 нафар доктор PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҷараёни таълим дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 3 нақшаи таълимӣ сурат мегирад. Нақшаи таълимӣ барои донишҷӯёни курси 5, ки як кредит ба 24 соат баробар аст (соли 2016), нақшаи таълимии нав барои донишҷӯёни курси 2-4 (соли 2018) ва нақшаи таълимии типи нав (соли 2021) барои донишҷӯёни курси 1, ки ба бахшҳо ва модулҳо тақсим карда шудааст. Инчунин, донишҷӯёни шуъбаи ғоибона низ аз рӯйи 2 нақшаи таълимӣ, ки курсҳои 2 - 4 ба тарзи фосилавӣ ва курси 1 бо нақшаи таълимии типи нав, ки як кредит - 24 соат аст ва ба бахшҳо ва модулҳо тақсим карда шудааст, таҳсил менамоянд. Соли сеюм аст, ки донишҷӯёни таҳсили дуюм олии касбӣ таҳсилро ба таври фосилавӣ оғоз менамоянд. Ҳамчунин, аз рӯйи як нақшаи таълим дар магистратура ва докторантура, ки аз рӯи низоми кредитӣ ба таҳсил фарогиранд. Дар ин соли таҳсил барои 52 ихтисоси роиҷи донишгоҳ Барномаи таҳсилотӣ дар асоси Стандарти нави давлатии таҳсилот аз нав таҳия карда шуда, барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми ҶТ пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон барои 53 ихтисоси роиҷ, ки 7 ихтисоси нав (дендрология, логистика, омори кишоварзӣ, кадастри замин, технология ва ташкили хизматрасонии сайёҳӣ (агротуризм), энтомология ва харгӯшпарварӣ) мебошанд, ки имсол кушода шуда, аз рӯи 5- тои онҳо дар ин соли таҳсил бори аввал донишҷӯён қабул карда шуданд нақшаҳои таълимии типи нав таҳия шуданд.