Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Таърих

   Солҳои 20-ум масъалаи наздик кардани фаъолияти кадрҳо ба шароити истеҳсолот, ҷойгиршавии минтақавии соҳаҳои кишоварзии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зарурияти таъсиси донишкадаи махсусро ба миён овард. Ин талабот ба он замина гузошт, ки соли 1931 дар пойгоҳи факултети хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна донишкадаи Осиёи Миёнагии меваю сабзавот (ДОММС) дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шавад. 

   Даставвал 13 кафедраи махсус ташкил карда шуд, ки дар онҳо омӯзгорон ба 25 донишҷӯ ва 336 шунавандаи факултети коргарӣ дарс медоданд. Инкишофи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, илми кишоварзӣ ва афзоиши талабот ба мутахассисон ба он оварда расонд, ки соли 1933 бо қарори Шӯрои Комиссариати Халқии РСС Тоҷикистон донишкадаи мазкур ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон табдил дода шуд. Соли 1992 бо назардошти потенсиали илмию педагогӣ, дастовардҳои илмӣ ва тайёр намудани мутахассисон барои эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни комплекси агросаноатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада номи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дода шуд. (Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 10 августи соли 1992 рақами 311 ш. Душанбе) 

    Ба мақсади беҳтар намудани пойгоҳи моддию-техникӣ, бештар тайёр намудани мутахассисон барои ҳамаи минтақаҳо ва болоравии сатҳи хоҷагии қишлоқ бо қарори Шӯрои Комиссариати Халқии РСС Тоҷикистон соли 1944 донишкада ба пойтахти ҷумҳурӣ –шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) кӯчонида шуд. Боиси хушнудист, ки дар ҳама зинаҳои тараққиёти донишгоҳ сарварони он шахсиятҳои шинохтаю олимони варзида буданд. 

   Ректори нахустини донишкада агроном-биолог Комилӣ буд. Дар солҳои гуногун Булатов У. К., Раҳматзода, Кудрявсев, Медведенко С. Ф., Полищук О. Ш., Долгополов Т. С., Рогозин А., Лапин Ф. Я., Гулмамедов М. Г., Алиев Ғ. А., Шукуров О. Ш., Юсуфбеков Ғ. А., Носиров Ю. С., Тағоев Ҷ. С., Мирзоев Д. М., Иззатулло Сатторӣ  сарварони донишгоҳ буданд. 

   Раҳматзода У. Қ. ва Алиев Ғ. А. ду маротибагӣ ректори донишгоҳ таъин шуданд. Онҳо дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ ва силсилаи профессорону омӯзгорони болаёқат саҳми арзанда гузоштанд. Алҳол сарварии донишгоҳро профессор Салимов А.Ф. ба зимма доранд. 

  Аз рӯзҳои аввали ташкилёбии донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷавонони қобилиятноки маҳаллӣ чун Раҳматзода У. Қ., Салибоев Ҳ., Шокиров А. Ш., Юнусов М., Юсуфов Х., Ҳокимов А., Солиев Ш., Ҳалимов И. ҷалб кунонида шудаанд. 

  Дар солҳои 40-ум дар ҷумҳурӣ соҳаҳои гуногун: чорводорӣ ва кирмакпарварӣ тараққӣ карданд. Барои қонеъ гардонидани талаботи ин соҳаҳо дар соли 1943 шӯъбаи зоотехникӣ ва дар соли 1944 бахши кирмакпарварӣ таъсис ёфт. Ғайр аз ин дар ин давра тайёр кардани мутахассисони донишкадаҳои кӯчонидашудаи Ленинград, Киев, Лвов, Кишинёв, Ворошиловград, Мичуринск ба роҳ монда шуда буд. 

  Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ донишгоҳ яке аз марказҳои тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.  Дар ин солҳои ҷанг бисёр донишҷӯён ва устодони донишкада ихтиёран яроқ ба даст гирифта, мамлакатро аз фашистони истилогар ҳимоя карданд. Аксарияти онҳо қарзи ватандӯстонаи худро бошарафона иҷро намуда, дар майдонҳои набард абадӣ монданд. Бисёр ҷанговарон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида ба донишкада баргашта кори таълимию омӯзгориро давом доданд. 

   Пас аз хотимаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҷумҳурӣ барои афзоиши босуръати соҳаҳои мухталифи хоҷагии қишлоқ ва иҷрои вазифаҳои муҳими зироатпарварӣ ва чорводорӣ ба воситаи механизатсия кӯшиш намуд. Сохтмони иншооти обӣ ва обёрии системаноки зироатҳои хоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани маданияти зироатчигӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо карданд. Барои ба амал овардани ин чорабиниҳо шумораи кадрҳои зиёди инженерӣ лозим шуданд. Бинобар ин, аз соли 1946 тайёр намудани инженерони истеҳсолоти кишоварзӣ ва аз соли 1951 муҳандисони соҳаи об оғоз ёфт. 

  Бо мақсади ба хондан ҷалб намудани пешқадамони хоҷагии қишлоқ ва шахсони дорои маълумоти миёнаи тахассуси хоҷагии қишлоқ, ки ба давом додани хониш дар шӯъбаи рӯзонаи донишкадаҳо имконият надоштанд, аз соли 1950 дар донишкада ба тайёр кардани мутахассисони ғоибхон шурӯъ шуд.

  Татбиқи босуръати усулҳои хоҷагидорӣ ба он овард, ки соли 1966 шӯъбаи иқтисодии факултети агрономӣ ба факултети махсуси иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ табдил дода шавад. Аз соли 1978 дар ин факултет тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳисоби бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ барои корхонаҳои кишоварзӣ оғоз ёфт. 

  Ташкили корхонаҳои азими чорводорӣ, парваришу интиқоли чорво дар асосҳои саноатӣ, ташкили хоҷагиҳои махсуси истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм бевосита зарурати афзоиши духтурони тибби ветеринариро ба миён оварданд. Ин аст, ки аз соли 1963 дар донишкада тайёр кардани духтурони тибби ветеринарӣ сар шуд. 

  Бо мақсади тайёр кардан ва такмил додани дараҷаи тахассусии кадрҳои роҳбарикунанда ва мутахассисони хоҷагии қишлоқ соли 1966 бахши такмили ихтисос ташкил ёфт. Бо назардошти дурнамои соҳаи боғу токпарварӣ ва мусоидати шароити иқлиму хок барои рушду нумӯи ин соҳа дар ҷумҳурӣ соли 1991-ум шӯъбаи ҳимояи набототи факултети агрономӣ ба факултети боғутокпарварӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ табдил дода шуд. 

  Айни замон Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ягона боргоҳи илму ҳунар аст, ки таърихаш ба зинаҳои тараққиёти кишоварзии ҷумҳурӣ зич алоқаманд аст. Дар ин раванд дастпарварони донишгоҳ ҳамқадам ва яке аз омили асосии дигаргуниҳою комёбиҳои соҳаи кишоварзианд ва дар рушду нумӯи соҳа нақши босазо мегузоранд. 

  Дар кишвари мо ягон корхонаҳои калони кишоварзӣ, муассисаи илмӣ, мактабҳои миёнаи махсус ва коллеҷҳо, органҳои идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ нест, ки дар онҳо дастпарварони донишгоҳ кор накунанд. Як қисми онҳо дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва мамолики хориҷӣ бомуваффақият фаъолият мекунанд. 

  Зиёда аз 30 нафар хатмкардагони донишгоҳ узви пайваста ва вобастаи АИ ва АИ ХҚ Федератсияи Россия интихоб шудаанд, 12 нафар қаҳрамонони меҳнат, 300 нафар номзадҳои илм ҳастанд. Садҳо хатмкардагон бо мукофотҳои давлати Шӯравӣ ва Тоҷикистон сарфароз гардидаанд. Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 6500 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Донишгоҳ дар солҳои мавҷудияти худ зиёда аз 35 ҳазор мутахассисони маълумоти олидор тайёр намуд. 

  Ҳоло дар донишгоҳ 10 факултет: агрономӣ, агробизнес, зооинженерӣ, тибби ветеринарӣ, иқтисодӣ, боғутокпарварӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, механиконии кишоварзӣ, гидромелиоративӣ, таҳсилоти ғоибона, муҳасилини хориҷӣ фаъолият доранд ва аз рӯи 26 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Дар 62 кафедра зиёда аз 600 нафар муаллимон босамар кор мекунанд, аз он ҷумла 3 нафар узви вобастаи АИХҚ Тоҷикистон, 42 нафар докторони илм, професорон, 125 нафар номзадҳои илм, дотсентон фаъолият менамоянд. Донишгоҳ бо олимоне чун Алиев Ғ. А., Қосимов Ҷ. Қ., Ғаффоров А. Қ., Мадаминов А. А., Мансурова М. У., Нурматов Н. К., Сардоров М. Н., Сабуров Б. С., Комилов О.К., Гулов С. М., Мадаминов В. С., Набиев Т. Н., Ҳаитов А., Эргашев Р., Юсупова Н., Нимадҷонова К. Н., Масаидов Р. С., Холиқов А., Бобоев Р., Мустақимов А. ва дигарон фахр менамояд. 

  Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои комплекси агросанотии ҷумҳурӣ вазифаи асосии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ мебошад. Истиқлолият, дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ин масъулиятро боз ҳам баланд мекунанд. 

  Дар донишгоҳ барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси замонавӣ бо дар назардошти дигаргуншавии муносибатҳои истеҳсолӣ, гуногуншаклии моликият ва истифодаи замин, судмандии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, тамоми шароитҳои зарурӣ, пойгоҳи мукаммали таълимӣ мавҷуданд. 

  Дар айни замон дар сохтори донишгоҳ 4 хоҷагии таълимию истеҳсолӣ дар ноҳияҳои Ёвону Ҳисор; 4 коллеҷи аграрӣ дар шаҳрҳои Турсунзодаю Хуҷанд ва ноҳияҳои Бохтару Мастчоҳ, пажӯҳишгоҳи биотехнологӣ бо нуқтаҳои такягоҳиаш дар ноҳияҳои Тавилдара, Шаҳристон, Варзоб мавҷуданд. Айни замон аз рӯи ихтисосҳои заруртарин ба монанди: коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва механиконии он, агробизнес, коркарди гӯшту шир ва маҳсулоти онҳо, танзими замин, автоматӣ ва барқикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ, ташкилотчии хоҷагии деҳқонӣ ва ғайра мутахассисон тайёр мекунад.

  Солҳои охир бо мақсади мукаммалгардии сохтори идоракунӣ ва раванди таълиму тарбия як қатор чорабиниҳои мушаххас андешида шуд. Сохтори қисми таълими донишгоҳ тағйир дода шуд. Дар пойгоҳи қисми таълим ду шӯъбаи нав: таълиму методӣ ва ахбору аналитикӣ таъсис дода шуд. Ин сохтор имконият медиҳад, ки ҳуҷҷатгузории раванди таълим, рафти имтиҳонот ба воситаи компютерҳо гузаронида шавад ва дар лаҳзаҳои зарурӣ маълумотҳои оперативӣ барои назорат пешниҳод карда шавад. 

   Бояд қайд намуд, ки аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии ҳар халқ забони ӯ мебошад. Дар донишгоҳ ба татбиқи қонун «Дар бораи забон» аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Раёсат мекӯшад, ки адабиёт ва дастурҳои дарсӣ бо забони давлатӣ интишор гарданд. Новобаста аз он, ки дар ин амал имкониятҳо маҳдуданд, раёсат ва Шӯрои илмӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчи бештар маводҳои таълимӣ ба забони давлатӣ чоп шаванд.

Раёсати донишгоҳ ба фаъолияти илмии устодон ва самаранокии тадқиқотҳои илмӣ аҳамияти хос медиҳад. Ҳайати профессорону омӯзгорон фаъолияти омӯзгориро ба кори илмӣ муштарак пеш мебаранд. Тадқиқотҳои илмӣ ба ҳалли масъалаҳои ҳаррӯзаи комплекси агросаноатӣ, ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ ва тавсияҳои истеҳсолӣ равон шудаанд. 

  Мояи ифтихор аст, ки натиҷаи тадқиқотҳои илмии олимони донишгоҳ бо шаҳодатномаи муаллифӣ, патентҳо ва ихтироотҳои нав ба қайд гирифта шудаанд. Дар даҳ соли охир миқдори ин гуна дастовардҳо то ба 40 расидааст. Дастовардҳои профессор Нурматов Н. Қ. дар соҳаи обёрӣ бо медали тилло қайд карда шудааст. Шӯрои олимони ҷавон, олимпиадаҳои фаннӣ, маҳфилҳои илмӣ мунтазам фаъолият доранд. Конференсияҳои илмию истеҳсолӣ, симпозиумҳо аз рӯи нақшаи мушаххас амал мекунанд. 

   Донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ бо роҳи аспирантура саҳми арзанда дорад. Бо ин мақсад, барои ҷалб намудани донишҷӯёни лаёқатманд ба корҳои илмию педагогӣ ва устодони шинохта дар донишгоҳ мактаби профессорон таъсис дода шудааст. Дар донишгоҳ 3 шӯрои диссертатсионӣ «Оиди ҳимояи рисолаҳои номзадҳои илм ва докторӣ» амал мекунанд. Дар донишгоҳ аз ҳисоби квотаи Президентӣ 97 духтарони ноҳияҳои кӯҳистон таҳсил мекунанд ва умед аст, ки онҳо дар оянда чароғи маърифатро дар маҳаллаҳои дурдасти кишварамон фурӯзон мегардонанд. 

  Дар донишгоҳ факултети муҳассилини хориҷӣ дар тайёр намудани мутахассисон барои эҳтиёҷоти давлатҳои гуногуни хориҷи дуру наздик таҷрибаи кофӣ дорад. Дар тӯли солҳои фаъолияти он зиёда аз 300 нафар соҳиби ихтисос ва унвони магистр гардида, дар 19 мамлакати хориҷи дунё бомуваффақият кор мекунанд. 

   Қобили қайд аст, ки дар донишгоҳ ба алоқаи бурунмарзӣ ва ҷалб кардани муҳассилини хориҷӣ диққати махсус дода мешавад. Дар солҳои охир дар байни донишгоҳи мо ва донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ аз қабили Ҷопон, Исроил, Мексика, ИМА, Эрон, Шветсия, Олмон, Корея, Сурия робитаҳои мустаҳками илмию таълимӣ барқарор карда шудааст. 

  Ба инкишофи мӯътадили ҳаёти донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар такмили тарбияи ҷисмонии донишҷӯёни донишгоҳ комплекси зебое муҳайё аст ва дар он барои машғулият аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. 

   Дар донишгоҳ китобхонаи илмӣ ва толори васеъ барои хонандагон амал мекунад. Махзани китобхона, ки қариб 358200 ҳазор нусха аст, имкон медиҳад, ки донишҷӯёни ҳар тахассус адабиёти зарурии таълимӣ, таълимӣ-услубӣ, илмӣ ва бадеиро ба осонӣ дастрас намоянд. Таҷлили ҷашни 75-солагии таъсисёбии донишгоҳ ба соли 15-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ рост омад, ки то ҳол шаҳомату шукӯҳи он аз хотири мардум дур нашудааст. 

    Дар солҳои фаъолияти худ донишгоҳ ба як даргоҳи бонуфузи илму ҳунари мамлакат табдил ёфта, дар он масъалаҳои тарбияи мутахассисони кишоварзӣ дар асоси талаботи амалии соҳа ҳаллу фасли худро ёфтаанд.

 Барномаи  рушди давлатии Донишгоҳ барои солҳои 2015-2020